Ба қафоМаълумоти ҳуқуқӣ
Қоидаҳои барномаи мукофотӣ
1. Қоидаҳо ба истифодабарандаи дилхоҳи хадамоти «Максим» (таснифот ҳангоми зарурият аз кишвар) равона гардидаанд, пешниҳоди расмии хадамотми «Максим» (таснифотт ҳангоми зарурият аз кишвар) аст ва ҳамаи шартҳои барномаи мукофотиро доро мебошанд.
2. Истилоҳоти дар қоидаҳо истифодашаванда.
2.1. Иштирокчӣ — истифодабарандаи хизматрасониҳои хадамоти «Максим».
2.2. Иштирокчии нав — истифодабаранда, ки аввалин маротиба аз хизматрасониҳои хадамоти «Максим» истифода бурдааст, қаблан промокодҳи хадамоти «Максим»-ро фаъол накардааст ва фармоишҳоро тавассути барнома (аз рақами телефон, ки ба барнома пайваст карда шудааст) ё ки аз рақами телефон содир наркардааст.
2.3. Истифодабаранда — шахси ҷисмонӣ, ки фармоишҳои хадамоти «Максим»-ро мутобиқи шартҳои дар «Қоидаҳои кори хадамоти«Максим» тавсифгардида содир мекунанд.
2.4. Промокод — пайдарҳамии ҳарфҳо ва рақамҳо, ки дар барнома ҳосил карда шудааст ва барои истифодабарии фардии барномаи мукофотӣ аз ҷониби иштирокчиёни барномаи мукофотӣ ё ки ивазкунӣ байни иштирокчиёни барномаи мукофотӣ таъин гардидааст. Промокод идентификатори фиристанда ва қабулкунандаи худ мебошад, ки барои мукофот ва иштирок дар иқдомҳои хадамоти «Максим» пешниҳод карда мешавад. Танҳо дар кишваре, ки барои он ҳосил карда шудааст, истифода шуда метавонад. Барои фаъолгардонии промокод онро ба майдони мувофиқ дар барномаи «Максим» ворид кардан ё ки ба оператор дикта кардан лозим аст, агар чунин имконият дар маводҳои рекламавӣ инъикос карда шуда бошад.
2.5. Сомонии мукофотӣ — воҳиди шартӣ, ки дар сомонии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад (1 сомонии мукофотӣ ба 1 сомонии Тоҷикистон баробар аст), ки ба сифати таҳфиф то 10 %, агар дигар шарт дар маводҳои рекламавӣ ва/ё ки дар қоидаҳои мазкур нишон дода шуда набошанд, барои пардохти фармоишҳо аз рӯи тарофаҳои дастрас ба сифати пардохт истифода шуда метавонанд. Сомониҳои мукофотиро ба воситаҳои пулӣ иваз кардан мумкин нест ва муҳлати маҳдуди истифодаи бо қоидаҳои мазкур маҳдудгардида доранд.
2.6. Сомонии мукофотӣ — воҳиди шартӣ, ки дар сомонии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад (1 сомонии мукофотӣ ба 1 баробар аст), ки ба сифати таҳфиф то 100 % фармоиш бо шарте, ки арзиши он аз номинали (миқдори) сомониҳои мукофотӣ зиёд набошад, истифода шуда метавонанд.
2.7. Суратҳисоби шахсӣ — ҳисоби виртуалии аз ҷониби хадамоти «Максим» ташаккулдодашудаи истифодабарандаи барномаи «Максим», ки дар он пешпардохтҳо ва маблағҳои пулии аз пардохтҳои мазкур ба сифати пардохтифармоишҳо аз рӯи тарофаҳи дастрас боздошташуда (соқитгардида) сабт карда мешаванд.
2.8. Таҳфиф — таҳфифи ба истифодабаранда пешниҳодкардааванда ба хизматрасониҳои «Максим» дар ҳаҷме, ки ҳангоми ҷойгиркунии иттилоот дар дархости гумоншавандаи истифодабаранда ба фармоишҳо аз рӯи тарофаҳои мавҷуд тавассути барномаи «Максим» нишон дода мешавад.
2.9. Иқдомҳо — чорабиниҳои гуногуни рекламавӣ ва маркетингии аз ҷониби хадамоти «Максим» эълон карда мешаванд. Дар чаҳорчӯбаи иштирок дар иқдомҳо истифодабарандагон промокодҳо, таҳфифҳо ва дигар бартариятҳоро дар тартиби дар қоидаҳои мазкур пешбинигардида гирифта метавонанд.
3. Намудҳои мукофотҳо.
3.1. «Мукофоти якум». Иштирокчии нав ба барномаи «Максим» промокоди аз маводҳои рекламавии хадамоти «Максим» гирифташударо ворид мекунад. Баъд аз фаъолгардонии бомуваффақияти промокод ба ҳисоби Иштирокчии нав маблағи сомониҳои мукофотии дар маводи рекламавӣ нишондодашуда ворид карда мешавад, ки онро барои пардохти фармоишҳо аз рӯи тарофаҳои дастрас дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ истифода бурдан мумкин аст.
3.2. «Мукофоти нав». Иштирокчии нав ва/ё ки Иштирокчӣ ки дар давоми давраи дар маводҳои рекламавӣ нишондодашуда аз рақами телефони худ фармоишҳоро содир ва промокодҳои хадамоти «Максим»-ро фаъол накардааст, дар барномаи «Максим» промокоди аз маводҳои рекламавии хадамоти «Максим» гирифташударо ворид мекунад ё ки онро ба оператор мегӯяд, агар чунин имконият дар маводҳои рекламавӣ нишон дода шуда бошад. Баъд аз фаъолгардонии бомуваффақияти промокод ба ҳисоби Иштирокчии нав, ки ба омилҳои дар банди мазкур нишондодашуда дохил мешавад, маблағи сомониҳои мукофотии дар маводи рекламавӣ таъинкардашуда ворид карда мешавад, ки онро барои пардохти фармоишҳо аз рӯи тарофаҳои дастрас дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ истифода бурдан мумкин аст.
3.3. «Ба дӯстон тақдим намо». Иштирокчӣ дар барномаи «Максим» промокоди шахсиро ҳосил мекунад ва бо усули дилхоҳи имконпазир онро ба Иштирокчии нав интиқол медиҳад. Баъд аз фаъолкунии промокод дар барнома дар дастгоҳи мобилии худ Иштирокчии нав 70 сомонии мукофотӣ мегирад. Иштирок 14 сомонии мукофотиро барои ҳар як фаъолгардонии промокоди шахсии худ аз ҷониби Иштирокчиёни нав бо он шарт мегирад, ки агар Иштирокчиёни нав дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи ба онҳо ворид карда шудани сомонии мукофотӣ на кам аз 3 фармоиши пардохтгардидаро аз рӯи тарофаҳои дастраси тавассути барномаи «Максим» офаридашуда содир кунанд. Сомониҳои мукофотӣ ба суратҳисоби шахсии истифодабарандагон ворид карда мешаванд ва барои пардохти фармоишҳо аз рӯи тарофаҳои дастрас дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ истифода бурда шуда метавонанд.
3.4. «Промокоди икдомӣ». Истифодабарандаи барномаи «Максим» промокодро барои иштирок дар иқдоми хадамоти «Максим» мегирад. Баъд аз фаъолгардонии промокод истифодабаранда иштирокчии иқдом мегардад. Сомониҳои мукофотӣ ва туҳфавӣ барои фаъолгардонӣ ҳисоб карда намешаванд.Муҳлат ва тартиби фаъолкунии промокод, ҳамчунин шартҳо, тартиби гузаронидан ва муҳлати амали иқдом ба истифодабарандаи барномаи «Максим» иловатан эълон карда мешавад.
3.5. «Промокоди инъомӣ». Истифодабарандаи барномаи «Максим» промокодро ба сифати инъом аз рӯи натиҷаҳои иштирок дар иқдоми хадамоти «Максим» мегирад. Баъд аз фаъолгардонии промокод сомониҳои мукофотӣ ба суратҳисоби истифодабаранда ворид карда мешаванд ва метавонанд барои пардохти фармоишҳо аз рӯи тарофаҳои дастрас истифода бурда шаванд. Номинали промокод дар сомониҳои Тоҷикистон ва муҳлати истифодаи онҳо бо шартҳои иқдом муайян карда мешаванд.
3.6. «Промокоди туҳфавӣ». Истифодабарандаи барномаи «Максим» (ҳангоми мавҷудияти чунин функсионал дар барнома) промокодро бо ёрии тугмаи «Офаридани промокоди туҳфавӣ» ҳосил мекунад ва худ номинали онро дар сомониҳои туҳфавӣ нишон медиҳад. Маблағҳои пулӣ дар сомонии Тоҷикистон, ки ба миқдори сомониҳои туҳфавӣ баробар мебошанд, аз суратҳисоби шахсии истифодабаранда ё ки корти бонкии пайвастгардида соқит карда мешаванд. Истифодабаранда промокоди худро бо усули дилхоҳи имконпазир ба қабулкунанда интиқол медиҳад, ки ӯ метавонад промокодро фаъол гардонад. Баъд аз фаъолгардонии сомониҳои туҳфавӣ, ки дар ҷамъ номинали промокоди туҳфавиро ташкил медиҳанд, ба суратҳисоби истифодабаранда ворид карда мешаванд.
4. Шартҳо иловагии истифодабарии промокодҳо, сомониҳои премиалӣ ва туҳфавӣ метавонанд дар маводҳои рекламавии хадамоти «Максим» навишта шуда бошанд.
5. Хадамоти «Максим» оиди қоидаҳо, муҳлатҳо, шартҳои барномаи мукофотиро дар барномаи «Максим» ё ки дар сомонаи taximaxim.com/app маълум мекунад.