Ба қафоМаълумоти ҳуқуқӣ
Ба қафоМаълумоти ҳуқуқӣ

Созишномаи иҷозатномавӣ


1. Истилоҳот ва муқаррарот

1.1. Дар доираи Созишномаи иҷозатномаӣ (баъдан Созишнома) истилоҳоти дар зерин овардашуда дар мазмуни зерин истифода бурда мешаванд.

1.1.1 Барномаи мобилии авторизатсиягардида (Барномаи мобилӣ) — барнома барои МЭҲ, ки ба дастгоҳҳои мобилии барои ҷустуҷӯи фармоишҳо барои расонидани хизматҳои муайян, қабулкунии ин фармоишҳо барои иҷроиш ва иттилоъдиҳии фармоишгар дар бораи рафти пешниҳоди хизматрасониҳо таъингардида мебошад.

1.1.2. Шарик — шахсе, ки шартҳои Созишномаи мазкурро қабул кардааст ва дар асоси он ҳуқуқи истифодабарии барномаи мобилиро пайдо кардааст.

1.1.3. Хадамоти «Максим» (Хадамот) — шахси ҳуқуқие, ки ба Ҳамкор ҳуқуқи истифодабарии барномаи Мобилиро дар асоси Қарордоди мазкур додааст.

1.1.4. Хизматрасониҳо — хизматрасониҳои аз ҷониби Шарикони Хадамот расонидашаванда, ки фармоиши онҳо тавассути Хадамот ба амал бароварда мешавад.

1.1.5. Фармоишгар — шахси ҷисмонӣ ё ки ҳуқуқие, ки фармоиши хизматрасониро тавассути Хадамот ба амал мебарорад.

1.1.6. Фармоиш — иттилооти дар Барномаи мобилӣ ҷойгиркардашуда, ки дорои иттилоот дар бораи талабот дар пешниҳодкунии Хизматрасонҳо ва дорои параметрҳои муайян дар вобастагӣ аз намуди Хизматрасониҳо.

1.1.7. Арзиши хизматрасониҳо — маблағи пулӣ, ки ба Ҳамкор аз ҷониби Фармоишдиҳанда барои расонидани хизматҳо пардохта мешавад.

1.1.8. Суратҳисоби шахсӣ — суратҳисобе, ки дар он пешпардохтҳои Фармоишгар мустаҳкам карда мешавад ва аз он соқиткунии маблағи пулӣ ба сифати пардохт барои пешниҳодкунии ҳуқуқи истифодабарӣ аз Барнома ба амал бароварда мешавад.

1.1.9. Тавозуни суратҳисоби шахсӣ — фарқияти байни ҷамъи маблағҳои пулии ба суратҳисоби шахсӣ воридгардида ва аз Суратҳисоби шахсӣ соқиткардашуда ба лаҳзаи муайян.

 

2. Муқаррароти умумӣ

2.1. Созишномаи мазкур тартиби аз ҷониби хадамоти «Максим» (баъдан — Хадамот) пешкаш карда шудани ҳуқуқи истифодабарии барнома барои МЭҲ — Барномаи мобилиро муайян мекунад.

2.2. Созишномаи мазкур мутобиқи моддаи 460 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11.1998 г. №726 «Дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои омехта»  шартномаи ҳамроҳшавӣ мебошад ва дар тартиби соддакардашуда бо роҳи ҳамроҳшавӣ ба шартҳои қарордоди дар шакли электронӣ дар сомонаи Хадамот дар шабакаи Интернет дар суроғаҳои https://taximaxim.tj ва https://taximaxim.com/ ҷойгир карда шудааст. Шахсе, ки протседураи бақайдгириро гузаштааст, шартҳои Созишномаро қабулкарда ҳисобида мешавад, ки ба бастани шартномаи шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ дар шартҳои дар ҳуҷҷати мазкур баёнгардида баробар мебошад.

2.3. Қабл аз гузаштани протседураи бақайдгирӣ, бо матни Созишнома бодиққат шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ягон шартҳо Шумо бояд истифодабарии Барнома мобилиро рад кунед.

2.4. Созишнома шартномаи литсензионӣ мебошад, ба он қоидаҳои дар моддаҳои  25, 26 ва 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои омехта» муқарраргардида татбиқ карда мешавад.

2.5. Қабулкунии шартҳои Созишномаи мазкур розигӣ бо Сиёсати махфият ҳангоми истифода аз Барномаи мобилӣ, ки дар шабакаи Интернет дар суроғаи https://legal.taximaxim.com/privacy/ ҷойгир карда шудааст, мефаҳмонад.

2.6. Бо қабулкунии шартҳои Созишнома, Ҳамкор дарк мекунад, ки ҳамаи иттилоте, ки ба он ӯ дар доираи иҷроиши Созишномаи мазкур дастрасӣ пайдо кардааст, аз ҷониби ӯ мустақилона, дар манфиатҳои худ ва таҳти ҷавобгарии худ истифода бурда мешавад. Ҳамкор, дар ҳолати аз ҷониби ӯ истифода бурда шудани Барномаи мобилӣ барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ бояд ба сифати субъекти фаъолияти соҳибкорӣ мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад, ҳамчунин риоя карда шудани талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки фаъолият дар соҳаи расонидани намуди хизматрасонии мутобиқро, аз он ҷумла, вале бе маҳдудкунии зерин таъмин намояд: талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.12.2004 с. №72 «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», қоидаҳо ва меъёрҳои техникаи бехатарӣ ва музофизати меҳнат ва қоидаҳои санадҳои дигари меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2.7. Фаъолияти Хадамот оид ба ҷамъкунӣ, нигоҳдорӣ, систематизатсиякунии иттилооти дар Барномаи мобилӣ ҷойгиркардашуда, ҳамчунин муносибатҳои ҳуқуқии байни Ҳамкор ва Хадамот оид ба пешкашкунии дастрасӣ ба чунин иттилоот мутобиқи қоидаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.05.2002 с. №55 «Дар бораи иттилоот» ба амал бароварда мешавад.

2.8. Мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» аз 10.05.2002 №55, иттилооти дар Барномаи мобилӣ ҷойгиркардашуда, аз ҷониби қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳдудкардашуда ё ки барои паҳнкунӣ манъгардида мансуб дониста нашудааст.

 

3. Мавзуъи Созишнома

3.1. Мутобиқи шартҳои Созишномаи мазкур Хадамот ба Ҳамкор ҳуқуқи истифодабарии Барномаи мобилӣ дар шартҳои литсензияи оддӣ (ноистисноӣ), бо усулҳои дар Созишнома муқарраргардидаро пешниҳод мекунад, Ҳамкор бошад, барои ба Хадамот пардохт намудани мукофоти литсензионӣ дар тартиб, муҳлат ва андозаи дар Созишнома муқарраргардида ӯҳдадор мешавад.

3.2. Ҳудуде, ки дар он ҳуқуқи истифодабарии Барномаи мобилӣ пешниҳод карда мешавад — ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

4. Кафолатҳои Хадамот

4.1. Хадамот кафолат медиҳад, ки:

4.1.1. Дорои ҳаҷми кофии ҳуқуқҳо барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ аз рӯи Созишномаи мазкур мебошад;

4.1.2. Иҷроиши созишнома аз тарафи Ҷонибҳо ба вайроншавии ҳуқуқҳои истисноӣ ва ғайраи шахсони сеюм сабаб намегардад;

4.1.3. Бо ягон шартномаи барои аз ҷониби Ҳамкор истифода шудани Барномаи мобилӣ дар шартҳои дар Созишнома муқарраргардида монеъашаванда алоқаманд намебошад;

4.1.4. Ягон ҳаракатҳои барои аз ҷониби Ҳамкор истифода шудани Барномаи мобилӣ дар шартҳои дар созишнома муқарраргардидаро имконнопазиркунанда содир карда нашудаанд ва содир карда намешаванд.

 

5. Усулҳо ва тартиби истифода бурда шудани Барномаи мобилӣ

5.1. Ҳамкор аз Барномаи мобилӣ ба таври истисноӣ бо мақсади пайгиринамоии ҷараёни иҷроиши Фармоишҳо ва расонидани Хизматҳо истифода бурда метавонад. Амалҳои дилхоҳи ҳамкор, ки бо иҷроиши барнома мобилӣ алоқаманд аст, бояд ба мақсадҳои дар боло нишондодашуда ҷавобгӯ бошанд.

5.2. Ҳамкор ҳуқуқ надорад ба:

5.2.1. Тағйирдиҳӣ, оғоз додан, нусхабардорӣ, коркард (аз о нҷумла тарҷума), паҳнкунӣ (аз он ҷумла фурӯш, иҷора ва ғайра), интишор ё ки модификатсиякунии Барнома мобилӣ, пурра ё ки қисман;

5.2.2. Декомпилятсия, дизассемблиронӣ, аз нав шифр кардан, ҳамчунин бо усули дигар кӯшиш кардан ба берунории коди объектии Барномаи мобилӣ ва ҷузъҳои он бо мақсади усули бевосита дар Созишномаи мазкур нишон дода нашудаи имкондиҳанда ба дастрасии иҷозатдоданашуда ба Барномаи мобилӣ ва алгоритмҳои дар он насбгардида;

5.2.3. Ба амал баровардани амалҳои равонакардашуда ба нособитсозии амалкунии Барномаи мобилӣ, амалӣ намудани кӯшишҳои дастрасии иҷозатдоданашуда ба идоракунии Барномаи мбилӣ ё ки қисматҳои пӯшидаи он (аз он ҷумла ба қисматҳо, ки танҳо ба Хадамот иҷозат дода шудааст), ҳамчунин амалӣ намудани амалҳои дигари монанд;

5.2.4. Интиқол додани ҳуқуқҳои истифодабарии барнома, аз он ҷумла логин ва рамз ба шахсони сеюм ё ки тавассути бастани иҷозатномаи сублитсензионӣ ё ки усули дигар;

5.2.5. Иҷро намудани амалҳои дигар ё ки истифода бурдан аз барнома мобилӣ бо рози дигари бевосита бо Созишномаи мазкур нишон дода нашуда.

 

6. Тартиби бақайдгирӣ дар Барномаи мобилӣ

6.1. Барои гирифтани имконияти истифодабарии Барномаи мобилӣ аз протседураи гузаштан аз қайд тавассути Барномаи мобилӣ ё ки сомонаи Хадамот лозим аст. Бақайдгирӣ метавонад аз ҷониби Ҳамкор мустақилона бо истифода аз шабакаи Интернет ё ки дар ҷойи ҷойгиршавии Хадамот ба амал бароварда шуда метавонад.

6.2. Бақайдгирӣ дар Барномаи мобилӣ ҳамроҳшавии пурра ва бечунучаро ба шартҳои Созишномаи мазкур мебошад.

6.3. Бақайдгирӣ тавассути пешниҳод намудани иттилооти зарурӣ бо роҳи пуркунии майдонҳои мувофиқи бақайдгирӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ҷараёни бақайдгирӣ Хадамот метавонад пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳаққонияти маълумотҳои нишондодашударо талаб кунад.

6.4. Бақайдгирӣ аз рӯи салоҳдиди Хадамот ба амал бароварда мешавад. Пешниҳодкунии ҳуҷҷатҳо ва иттилооти барои бақайдгирӣ зарурӣ, ӯҳдадории истисноии Хадамотро барои гузаронидани бақайдгирӣ сабаб намешавад.

6.5. Протседураи бақайдгирӣ бо бахшида шудани рақами идентфикатсионии истифодабаранда (логин) ва рамз, ки барои дастрасии авторизатсияшуда ба Барномаи мобилӣ ба анҷом мерасад. Рақами идентификатсионии истифодабаранда (логин) ва рамз аз ҷониби Хадамот бо рақами телефони дар ҷараёни бақайдгирӣ нишондодашуда фиристода мешавад. Ба ҳамкор додани логин ва рамзи гирифташуда ба шахсони сеюми дилхоҳ, ҳамчунин истифодабарии логин ва рамз, ки ба Ҳамкор тааллуқ надорад, манъ карда мешавад. Амалҳои дилхоҳи аз ҷониби шахси дар Барномаи мобилӣ авторизатсиягардида (логин ва рамзро нишондода), аз ҷониби Ҳамкори мутобиқ содиргардида ҳисобида мешавад, агар аз ҷониби Ҳамкор акси ҳол исбот нагардад.

6.6. Маълумоти шахсӣ ва ҳуҷҷатҳои аз ҷониби Хадамот талабкардашаванда, ба таври истисноӣ бо мақсади тафтишкунии саҳеҳияти маълумотҳои пешниҳодгардида заруранд ва аз ҷониби Хадамот баъд аз анҷоми протседураи бақайдгирӣ маҳфуз карда намешаванд.

6.7. Дар вобастагӣ аз намуди хизмати аз ҷониби Ҳамкор расонидашаванда, Хадамот он ё ки ин маълумотҳо дар бораи дар барномаи мобилӣ аз қайд гузаштаи имконнадиҳандаи муайянкунии чунин шахсон ва маълумоти шахсии онҳо набударо маҳфуз мекунад ва истифода мебарад. Хусусан, Хадамот чунин маълумотҳоро маҳфуз мекунад:

6.7.1. Номи истифодабаранда. Ба сифати номи истифодабаранда номи шахси ҷисмонӣ мутобиқи маълумотҳои дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият нишондодашуда (бе нишон додани ном ва насаб) нишон дода мешавад. Дар ҳолати номи душворталаффуз дар ягон номи миллӣ дар транслитератсияи русӣ ба сифати ном аналоги русии аз ҷониби шахс дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда нион дода шуда метавонад;

6.7.2. Тамға, ранги автомобил, қисми рақамии аломати бақайдгирии давлатии автомобил (дар ҳолате, ки агар табиати Хизматҳои аз ҷониби Ҳамкор расонидашаванда истифода аз воситаи нақлиётро пешбинӣ намояд);

6.7.3. Рақами телефони ҳангоми бақайдгирӣ нишондодашуда.

6.8. Фармоишдиҳанда дар Барномаи мобилӣ аз қайд гузашта, барои коркарди маълумотҳои шахсии он дар ҳолатҳое, ки гирифтани чунин розигӣ мутобиқи қоидаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот", ҳамчунин гирифтани хабарҳои иттилоотӣ, инчунин иттилооти рекламавӣ, розигӣ барои гирифтани паёмҳои иттилоотӣ, аз ҷумла гирифтани чунин паёмҳо ва иттилоот тавассути хабарҳо ба воситаи интернет-мессенҷерҳо (Viber, WhatsApp, Telegram ва монанди ин) бо роҳи дилхоҳ, ки дар шабакаҳои алоқа бо мақсад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи зарурати чунин розигӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама пешбинӣ мешавад, розигӣ медиҳад.

6.9. Ҳангоми бақайдгирӣ дар сомонаи Хадамот, ҳамкор мутобиқи қисми 1 моддаи 176 Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамот розигӣ барои фошкунӣ ва истифодабарии баъдинаи сурати (тасвири) худ бо мақсади пешкаш кардани он ба Фармоишгар дар таркиби иттилоот дар бораи ронандаи воситаи нақлиёти барои иҷроиши фармоиш таъингардида медиҳад.

 

7. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҷонибҳо

7.1. Хадамот ҳуқуқ дорад:

7.1.1. Аз Ҳамкор талаб кардани истифода бурдани Барномаи мобилӣ дар тартиб ва усулҳои дар Созишномаи мазкур пешбинигардидаро талаб намояд;

7.1.2. Бастани шартномаҳо дар бораи додани ҳуқуқи истифодабарии Барномаи мобилӣ, ки ба Созишномаи мазкур монанданд, бо шахсони сеюм, аз он ҷумла дар он ҳудуде, ки дар он ҳуқуқи истифодабарии Барномаи мобилӣ ба Ҳамкор пешниҳод гардидааст;

7.1.3. Боздоштани ҳуқуқи истифода бурда шудани Барномаи мобилӣ аз ҷониби Ҳамкор дар ҳолате, ки агар тавозуни Суратҳисоби шахсии Ҳамкор сифр бошад ё ки қимати манфӣ дошта бошад;

7.1.4. Боз доштани ҳуқуқи истифода бурда шудани Барномаи мобилӣ аз ҷониби Ҳамкор дар ҳолати аз ҷониби Хадамот гирифта шудани ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳанда дар бораи ба таври ғайриҳуқуқӣ истифода бурда шудани маълумоти тавассути Барномаи мобилӣ гирифташуда. Ҳуқуқи истифода аз Барномаи мобилӣ дар асоси қарорҳо, ҳалномаҳои ба қувваи қонунӣ даромадаи суд, ки бо онҳо факти қоидавайронкуниҳои аз ҷониби Ҳамкор роҳдодашуда муқаррар карда шудааст, боз дошта мешавад. Ҳуҷҷатҳои нишондодашуда бояд дар нусхаи аслӣ ё ки дар намуди нусхаҳо аз ҷониби суди мувофиқ тасдиқгардида пешниҳод карда шаванд. Ҳуқуқи истифодабарӣ аз Барномаи мобилӣ то аз ҷониби ӯ бартараф гардидани қоидавайронкуниҳои муайянгардида боз дошта мешавад.

7.1.5. Боздошт ё ки қатъкунии ҳуқуқи истифода бурда шудани Барномаи мобилӣ аз ҷониби Ҳамкор дар ҳолати қоидавайронкунии якчанд маротиба ва/ё ки қоидавайронкунии дурушти Қоидаҳои кори Хадмот аз ҷониби Ҳамкор, ки дар барномаи мобилӣ ва/ё ки шартҳои Созишномаи мазкур ҷойгиркардашуда;

7.1.6. Ба амал баровардани сабти суҳбатҳои телефонӣ бо Ҳамкор бо мақсади назорати дохилии сифат;

7.1.7. Ба амал баровардани корҳои регламентӣ оид ба хизматрасонии техникӣ ва воридкунии тағйиротҳо ба кори Барномаи мобилӣ. Дар давраи гузаронидани корҳои нишондодашуда амалкунии Барномаи мобилӣ маҳдуд карда шуда метавонад;

7.1.8. Дар ҳолати дар салони автомобили Ҳамкор гузошта шудани амволи Фармоишгар, ба Фармоишгар пешниҳод намудани рақами телефони Ҳамкор бо мақсади ҳар чи зудтар баргардонидани ашёҳои гумшуда.

7.1.9. Содир кардани амалҳои дигари ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи мазкур зид набуда.

7.2. Хадамот ӯҳдадор аст:

7.2.1 Ба ҳамкор пешкаш намудани ҳуқуқи истифодабарии Барномаи мобилӣ, таъмин намудани коршоямии Барномаи мобилӣ;

7.2.2. Таъмини амалкунии муттасилона, бефосилаи Барномаи мобилӣ дар давоми тамоми муҳлати амали Созишнома мазкур, бо истиснои ҳолатҳои гузаронидани корҳои регламентӣ;

7.2.3. Сари вақт баҳисобгирии пардохтҳои Ҳамкор дар Суратҳисоби шахсии ӯ;

7.2.4. Кӯшишҳои дастрасии беиҷозатро ба маълумоти пешниҳоднамудаи Ҳамкор ва/ё додани ин маълумотро ба шахсоне, ки ба муносибатҳои ҳуқуқии ҷонибҳо робитаи бевосита надоранд, саривақт ошкор ва пешгирӣ намояд;

7.2.5. Тағйир надодан ва таҳрир накардани иттилоот дар бораи Ҳамкор бе розигии он.

7.3. Ҳамкор ҳуқуқ дорад:

7.3.1. Истифода бурдани Барномаи мобилӣ дар тартиб ва усулҳои дар Созишномаи мазкур пешбинигардида;

7.3.2. Аз Хадамот талаб кардани пешкаш намудани ҳуқуқи истифода аз Барномаи мобилӣ мутобиқи шартҳои Созишномаи мазкур, аз он ҷумла хизматрасонии техникӣ ва машваратӣ.

7.4. Ҳамкор ӯҳдадор аст:

7.4.1. Пардохт намудани мукофот ба Хадамот, дар тартиб ва муҳлатҳои дар тартиб ва муҳлатҳои дар Созишномаи мазкур муайянгардида.

7.4.2. Иҷроиши Фармоиши барои иҷро қабулгардида мутобиқи шартҳои он;

7.4.3. Ҳангоми тағйир ёфтани маълумотҳои баҳисобгирии ба Хадамот қаблан пешкашгардида, ҳамчунин ҳангоми ба миён омадани ҳолатҳои иҷроиши Фармоишҳоро имконнопазиркунанда, дарҳол оиди ин ба Хадамот хабар диҳад.

7.4.4. Таъмин намудани маҳфузии маълумотҳои барои авторизатсия дар Барнома зарур (логин ва рамз), ҳамчунин қабул намудани ҳамаи чораҳо барои пешгирии имконияти авторизатсияи шахсони сеюм дар Барномаи мобилӣ бо истифода аз логин ва рамз;

7.5. Ҳамкор ба Хадамот дар бораи истифодабарии Барнома мобилӣ ҳисоботҳо намедиҳад.

 

8. Тартиби муайянкунии арзиши Хизматрасонищо

8.1. Арзиши Хизматрасониҳо ба таври худкор, вобаста ба параметрҳои фармоиши муайян (намуди воситаи нақлиёт, масофаи кашонидан, намуд, вазн, ҳаҷми бори кашонидашаванда, вақти ба амал баровардани корҳои боркунӣ-борфарорӣ, майдони бино бо мақсади ҳисобкунии хизматрасониҳои клининг ва ҳоказо), ҳамчунин арзиши миёнаи Хизматрасониҳои монанди дар минтақаи фаъолияти Ҳамкор ташаккулёфта муайян карда мешавад.

8.2. Ҳамкор, дар ҳолати номувофиқии арзиши ҳисобкардашудаи Хизматрасониҳо ба арзише, ки аз ҷониби худи Ҳамкор муқаррар карда шудааст, ҳуқуқи қабул накардани Фармоишро ба иҷро дорад.

8.3. Аз ҷониби Ҳамкор қабул гардидани Фармоиш барои иҷроиш маънои розигии пурра ва бечунучарои Ҳамкорро бо арзиши пешниҳодшавандаи Хизматрасониҳоро дорад. Хадамот ҳуқуқ дорад, ки ба Ҳамкор муҷозоти ҷаримавиро татбиқ кунад, то қатъкунии ҳуқуқи истифода аз Барномаи мобилӣ, дар ҳолати дар тартиби яктарафа тағйир дода шудани арзиши Хизматрасонӣ аз ҷониби Ҳамкор баъд аз қабул карда шудани Фармоиш барои иҷроиш ё ки иҷро нагардидани Фармоиши қабулгардида.

8.4. Арзиши Хизматрасониҳо метавонад аз ҷониби Фармоишгар ба ҷониби зиёдшавӣ тағйир дода шавад.

8.5. Ҳангоми ба амал баровардани ҳисобҳо байни Фармоишгар ва Ҳамкор дар шакли ғайринақдӣ Хадамот ҳамчун агенти аз ном ва ҳисоби Ҳамкор амалкунанда, дар қисми қабули воситаҳои пулӣ аз Фармоишгар барои ҳисобкунии онҳо ба Суратҳисоби Ҳамкор баромад мекунад. Хадамот ба худ ӯҳдадориҳои Ҳамкорро танҳо дар қисми таъмини қабули маблағи Фармоишгарро мегирад, ва ба худ ягон ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои дигари Ҳамкорро дар қисми хизматрасонӣ намегирад.

 

9. Мукофотдиҳӣ ба Хадамот

9.1. Барои пешниҳодкунии ҳуқуқи истифода аз Барномаи мобилӣ Ҳамкор ӯҳдадор мешавад, ки ба Хадамот мукофоти литсензиониро дар ҳаҷм ва шартҳои дар Созишномаи мазкур муайянгардида пардохт намояд.

9.2. Ҳаҷми мукофот ба Хадамот барои пешкашкунии ҳуқуқи истифодабарӣ аз Барнома мобилӣ дар шакли пардохткунии фоизӣ аз даромади (маблағи ба даст омадаи) Ҳамкор муқаррар карда мешавда.

9.3. Ҳаҷми мукофот дар иттилоот дар бораи Фармоиш, ки аз ҷониби Ҳамкор барои иҷроиш дар Барномаи мобилӣ қабул гардидааст, нишон дода мешавад.

9.4. Ҳаҷми мукофот аз ҷониби Хадамот дар тартиби яктарафа муқаррар карда мешавад. Ҳамкор бояд бо андозаи мукофоти Хадамот то қабул карда шудани Фармоиш барои иҷроиш шинос шавад, ва дар ҳолати розӣ набудан, бояд аз иҷроиши чунин Фармоиш рад кунад. Аз ҷониби Ҳамкор қабул гардидани Фармоиш барои иҷроиш розигӣ бо андозаи мукофотро мефаҳмонад.

9.5. Пардохти мукофот бо системаи пешпардохтӣ бо роҳи воридкунии маблағи пулӣ аз ҷониби Ҳамкор ба Суратҳисоб дар андозаи аз ҷониби Ҳамкор мустақилона муайяншаванда ба амал бароварда мешавад.

9.6. Пардохти мукофот бо роҳи соқиткунии маблағи пулӣ дар ҳаҷми баробар ба андозаи мукофот, аз Суратҳисоби шахсии Ҳамкор дар лаҳзаи қабул гардидани Фармоиш барои иҷроиш ба амал бароварда мешавад.

9.7. Пуркунии Суратҳисоби шахсӣ бо роҳи воридкунии пешпардохтҳо тавассути кортҳои бонкӣ, тавассути терминалҳои худхизматрасонӣ, бо роҳи воридкунии маблағ ба суратҳисоби шахсӣ ё ки воридкунӣ ба хазинаи Хадамот ба амал бароварда мешавад.

 

10. Ӯҳдадориҳои ҷонибҳо

10.1. Ӯҳдадориҳои Хадамот:

10.1.1. Хадамот барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро ба зимма мегирад.

10.1.2. Хадамот барои пурра ё қисман қатъ шудани хизматрасонии кори Барномаи мобилии вобаста ба иваз намудани таҷҳизот, таъминоти барномавӣ ё иҷрои корҳои дигари регламентӣ, ки ба сабаби зарурати ҳифзи коршоямӣ ва рушди воситаҳои техникии Хадамот ба миён омадааст, ҷавобгариро ба зимма намегирад;

10.1.3. Хадамот барои таваққуф дар пешкашкунии кори Барномаи мобилӣ ҳангоми нуқсони таъминоти барномавӣ ё таҷҳизоте, ки ба Хадамот тааллуқ надорад, ҷавобгариро ба зимма намегирад;

10.1.4. Хадамот ба худ ягон ӯҳдадорӣ оид ба ҷуброни зарар, аз он ҷумла фоидаи аз даст додашудаи аз ҷониби Ҳамкор ба шахсони сеюм, аз он ҷумла ба Фармоишгарон расонидашударо намегирад;

10.1.5. Хадамот дар назди Ҳамкор барои амалҳои дилхоҳи шахсони сеюм, аз он ҷумла Фармоишгарон, ки дар натиҷаи он ба Ҳамкор ягон зарар, аз он ҷумла дар намуди фоидаи аз даст додашуда расонида шудааст, ҷавобгариро ба зимма намегирад;

10.2. Ҷавобгарии Ҳамкор:

10.2.1. Ҳамкор барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро ба зимма мегирад;

10.2.2. Ҳамкор мустақилона дар назди Ҳамкор, барои хизматрасонии бояду шояди Хизматрасониҳо, ҳамчунин барои зарари дилхоҳи ба ӯ расонидашуда, аз он ҷумла барои гумкунӣ ё ки вайронкунии амволи Фармоишгар ҷавобгарӣ дорад.

10.2.3. Ҳамкор барои зарари аз ҷониби шахсони сеюм расонидашуда, ҳам дар алоқамандӣ бо иҷроиши Фармоиш, ҳам барои амалҳои бо иҷроиши Фармоиш алоқаманднабуда ҷавобгарӣ дорад. Бо ин Хадамот ба сифати миёнрав байни Ҳамкор ва Фармоишгар бо мақсади ҳаллу фасли зудтари баҳсҳо баромад карданаш мумкин аст.

10.2.4 Дар ҳолати аз ҷониби Хадамот гузаронида шудани ягон пардохтҳо ба фоидаи Фармоишгарон, ки бо иҷроиши бояду шояди Хизматрасониҳо аз ҷониби Ҳамкор вобаста аст, Ҳамкор ӯҳдадор мешавад, ки ба Хадамот зарарҳои вобаста ба ин бударо ҷуброн кунад. Ҷуброни нишондодашуда бо роҳи соқиткунии маблағи пулӣ аз Суратҳисоби Ҳамкор ба амал бароварда мешавад.

10.2.5. Дар ҳолати аз ҷониби Ҳамкор содир карда шудани амалҳо, ки барои онҳо бо қоидаҳои Хадамот санксияҳои ҷаримавӣ пешбинӣ гашта бошанд, аз суратҳисоби Ҳамкор ба фоидаи Хадамот маблағи пулӣ дар ҳудуди санксияи пешбинигардида соқит карда мешавад. Рӯихати қоидавайронкуниҳо дар Барномаи мобилӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ҳолати нокифоя будани маблағи пулии дар давраи ҳисоботӣ ҳисобкардашуда, санксияҳои ҷаримавӣ қарздории дебитории Ҳамкор мебошад, ки дар навбати аввал ҳангоми аз ҷониби Ҳамкор пур карда шудани суратҳисоби шахсӣ ситонида мешавад.

 

11. Ҳолатҳои қувваи бартарафнашаванда

11.1. Асосҳои озодкунандаи ҷонибҳо аз ҷавобгарӣ, амали қувваи бартарафнашаванда мебошад. Таҳти қувваҳои бартарафнашаванда ҳолатҳои дар моддаи 432 Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда фаҳмида мешаванд.

11.2. Ҷониби зери таъсири қувваи бартарафнашаванда монда, ӯҳдадор аст, ки ҷониби дигарро дар намуди хаттӣ оиди ба миён омадан, намуд, давомнокии имконпазири амали қувваи бартарафнашаванда ва оиди он, ки ба иҷроиши кадом ӯҳдадориҳо он монеъ мешавад, хабар диҳад.

11.3. Ҷониби зери таъсири қувваи бартарафнашаванда монда ва оиди ин хабарнадода, наметавонад дар оянда ба таъсири қувваи бартарафнашаванда ҳамчун асоси озодкунандаи ӯ аз ҷавобгарӣ истинод кунад.

 

12. Тартиби ҳалли баҳсҳо

12.1. Ҷонибҳо барои дидани ҳамаи чораҳо барои танзими сулҳонаи баҳсҳо ва якдигарнофаҳмиҳои дилхоҳе, ки аз Созишнома ба миён омада метавонанд, бо роҳи гуфтушунид ӯҳдадор мешаванд.

12.2. Муҳлати ҷавоб ба эътирозҳо ва муҳлати пешниҳодкунии ҳуҷҷатҳои барои танзими сулҳонаи баҳсҳо ва якдигарнофаҳмиҳо, набояд аз 8 (ҳафт) рӯзи корӣ аз лаҳзаи аз тарафи Ҷонибҳо гирифта шудани чунин эътирозҳо ва ба миён омадани пешниҳод карда шудани ҳуҷҷатҳои нишондодашуда зиёд бошад.

12.3. Агар Ҷонибҳо аз рӯи баҳсҳо ва якдигарнофаҳмиҳо бо роҳи гуфтушунид ба якдигарфаҳмӣ наоянд, баҳсҳо ва якдигарнофаҳмиҳо бояд дар суд дар ҷои будубоши Хадамот ҳал карда шаванд.

 

13. Вориднамоии тағйиротҳо Созишномаи мазкур

13.1. Воридкунии тағйирот ба Созишномаи мазкур аз ҷониби Хадамот дар тартиби яктарафа бо роҳи ҷойгиркунии тағйиротҳои мутобиқ дар сомонаи Хадамот ба амал бароварда мешавад. Тағйиротҳои нишондодашуда баъд аз гузаштани 7 (ҳафт) рӯзи корӣ аз рӯи интишор гардидани он дар сомона ба қувва медароянд.

13.2. Тағйиротҳои дилхоҳи тартиб аз лаҳзаи ба қувва даромадан ба ҳамаи шахсони истифодабарандаи Барномаи мобилӣ, аз он ҷумла шахсоне, ки истифодабарӣ аз Барномаи мобилиро қаблан аз санаи воридшавии тағйиротҳо ба қувва паҳн мешавад. Дар ҳолати розӣ набудан ба тағйиротҳо ҳамкор ӯҳдадор аст, ки истифодабарии Барномаи мобилиро қатъ кунад ва оиди ин ба Хадамот хабар диҳад.

 

14. Амволи зеҳнӣ

14.1. Ҳамкор ҳуқуқи маҳдудро барои истифодабарии нишонагузории тиҷоратии Хадамоти «Максим», инчунин аломати молии Maxim® бо мақсади паҳнкунии рекламаи усулҳои фармоиш мегирад.

14.2. Ҳамкор ҳуқуқи мустақилона ба амал баровардани ҳаракатҳои ба пешбурди (рекламаи) рақами телефонӣ, усулҳои дигари ба амал баровардани фармоиш, аз он ҷумла бо роҳи ҷойгиркунии реклама дар воситаҳои нақлиёти Ҳамкорро дорад. Бо ин Ҳамкор мустақилона барои мутобиқати реклама (аз он ҷумла таркиб ва ҷойгиршавии он) ба талабот ва меъёрҳои қонунгузории амалкунанда ҷавобгарӣ дорад. Қоидаи нишондодашуда ба ҳолатҳои ҷойгиркунии рекламаи Хадамот дар асоси шартномаҳо, ки аз рӯи онҳо Хадамот ҳамчун рекламадиҳанда баромад мекунад, паҳн намешавад.

 

15. Шартҳои махсус

15.1.  Мутобиқи қисми 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои омехта" созишнома ба гузариши ягон ҳуқуқҳои истисноӣ ба Барномаи мобилиро ба Ҳамкор пешбинӣ намекунад, аз ҳамин самин сабаб ба Ҳамкор пешниҳод карда шудани ҳуқуқҳои дар Созишнома пешбинигардида, набояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

15.2. Мутобиқи қисми 1 моддаи 8 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордод шартномаи муштарӣ мебошад ва аз Ҷонибҳо гузошта шудан ва ки имзокунии санадҳои корҳои иҷрогардидаи дуҷониба талаб карда намешавад.

15.3 Ҳамкор ба Хадамот барои гузаронидани иқдомҳои маркетингӣ ва чорабиниҳои дигари монанди дар пешниҳодкунии таҳфифҳо ба Фармоишгарон ба Хизматрасониҳо аз рӯи салоҳдиди худ розигӣ медиҳад. Бо ин хароҷоти Ҳамкор барои пешниҳодкунии чунин таҳфифҳо аз ҷониби Хадамот дар ҳаҷми пурра бо роҳи мутаносибан камкунии андозаи мукофот ба Хадамот ҷуброн карда мешавад.

15.4. Шартҳои созишнома ба ҳамаи шахсони дар Барномаи мобилӣ аз қайд гузашта татбиқ карда мешавад, агар дигараш бо шартномаи алоҳидаи ҷонибҳо муқаррар нагардида бошад. Дар ҳолати аз ҷониби Ҷонибҳо баста шудани шартномаи алоҳида, ба муносибатҳои ҳуқуқии Ҷонибҳо шартҳои чунин шартнома татбиқ карда мешавад.