Ба қафоСиёсати махфият

Сиёсати истифодаи файлҳои cookie


Файли cookie чист?
Файлҳои cookie — файлҳои матнии дарбаргирандаи ҳаҷми хурди иттилоот, ки ба браузери шумо фиристода шуда, дар компютер, телефони мобилӣ ё таҷҳизоти дигар нигаҳдорӣ мешаванд ва истифодабаранда тавассути таҷҳизоти номбаршуда ба сомона ворид мегардад. Файлҳои cookie ҳангоми ҳар як боздид ба сомона иттилоот мефиристанд. Масалан, онҳо сабти мизробҳои ҷустуҷӯи бехатар, нишон додани рекламаҳои муфид, ҳисоби миқдори боздиди саҳифа, бақайдгирӣ дар хадамоти мо ва ҳифзи маълумоти истифодабарандагонро имконпазир мегардонанд. Файлҳои cookie доимӣ ё муваққатӣ шуда метавонанд. Файлҳои cookie доимӣ то лаҳзаи аз тарафи истифодабарандагон тоза шудан дар компютер ҳифз мешаванд. Файлҳои cookie муваққатӣ (чунин файлҳо сессионӣ ном доранд) то бастани браузер нигоҳ дошта мешаванд. Ба ғайр аз ин, файлҳои cookie ба асосӣ (бевосита аз тарафи сомонаи боздидшаванда ҷойгир мегарданд) ва бегона (аз тарафи сомонаҳои дигар ҷойгир мегарданд) тақсим мешаванд.
Файли cookie истифодашаванда ва таъиноти онҳо
Дар поён таснифи файлҳои cookie дар сомонаҳои мо истифодашаванда (тибқи роҳнамои файлҳои cookie, ки Палатаи байналмилалии савдо тартиб додааст) пешниҳод мегардад:
Файлҳои cookie қатъӣ зарур:
Чунин файлҳои cookie барои ҷойивазкунӣ дар сомона ва истифодаи хизматрасониҳои дархостшаванда, масалан, барои дастрасӣ ба саҳифаҳои ҳифзшаванда лозиманд. Ҳамин намуди файлҳои cookie ҳангоми бақайдгирии истифодабарандагон ва ҳангоми ба система ворид шудан истифода бурда мешаванд. Чунин файлҳои cookie асосӣ буда, доимӣ ва муваққатӣ шуда метавонанд. Яъне, бе чунин файлҳои cookie сомонаҳои мо ба таври бояду шояд кор карда наметавонанд.
Файлҳои cookie истифодабарӣ:
Чунин файлҳои cookie дар бораи истифодаи сомона, масалан, дар бораи саҳифаҳои бештар боздидшаванда маълумот ҷамъоварӣ мекунанд. Чунин файлҳо иттилооти шахсии истифодабарандагони мушаххасро намегиранд. Ҳамаи маълумоти ҷамъовардаи файлҳои cookie хусусияти оморӣ дошта, аноним (номаълум) мебошад.
Мақсади истифодаи чунин файлҳои cookie:
гирифтани омори истифодаи сомонаҳо;
арзёбии самаранокии маъракаҳои рекламавии ширкатҳо.
Чунин файлҳои cookie доимӣ ва муваққатӣ буда, ҳамзамон ба файлҳои cookie асосӣ ва файлҳои cookie бегона тааллуқ дошта метавонанд. Онҳо дар бораи боздиди саҳифаҳо ва тамошои рекламаҳо маълумоти аноним ҷамъ меоранд.
Файлҳои cookie функсионалӣ:
Ба туфайли чунин файлҳои cookie иттилооти пешниҳоднамудаи шумо (ба мисли номи истифодабаранда, забон ё кишвари истиқомат) ҳифз карда мешавад, ки ин имконияти функсияҳои алоҳидаро вусъат дода, онҳоро бештар фардӣ мекунонад. Ба ғайр аз ин, чунин файлҳои cookie барои расонидани хизматҳои дархостнамудаи шумо, масалан, тамошои видео ё гузоштани шарҳ дар блог истифода бурда мешаванд. Чунин файлҳои cookie иттилооти анонимро истифода намуда, амалҳои шуморо дар сомонаҳои дигар пайгирӣ намекунанд.
Мақсади истифодаи чунин файлҳои cookie:
ҳифзи маълумот дар бораи ба шумо пешниҳод гардидани ягон хизматрасонӣ дар гузашта;
баланд бардоштани сифати ҳамкорӣ бо сомона дар маҷмуъ ва бо роҳи ҳифзи афзалиятҳои интихобгардида.
Чунин файлҳои cookie доимӣ ва муваққатӣ буда, ҳамзамон ба файлҳои cookie асосӣ ва файлҳои cookie бегона тааллуқ дошта метавонанд. Онҳо иттилооти пешниҳоднамудаи шуморо ҳифз намуда, самаранокии ҳамкорӣ бо сомонаро баланд мебардоранд.
Файлҳои cookie рекламавӣ:
Чунин файлҳои cookie барои маҳдуд намудани миқдори тамошои рекламаҳои истифодабарандагон, инчунин барои арзёбии самаранокии маъракаҳои рекламавӣ кор фармуда мешаванд. Файлҳои cookie рекламавӣ барои идоракунии маводи рекламавӣ дар сомона истифода мегарданд. Файлҳои cookie рекламавӣ аз тарафи шахсони сеюм, масалан, рекламадиҳандагон ё агентҳои онҳо ҷойгир карда мешаванд. Онҳо доимӣ ва муваққатӣ шуда метавонанд. Ҳамин тавр, чунин файлҳои cookie ба реклама дар сомона, ки ширкатҳои бегона пешниҳод намудаанд, вобастагӣ доранд. Файлҳои cookie хадамоти рекламавии мо аз доменҳои зиёди Google ва вариантҳои минтақавии онҳо (масалан, google.ru) ҷойгир карда мешаванд. Баъзе аз чунин доменҳо дар поён номбар шудаанд.
doubleclick.net
google.com
www.google.com
google.ru
googleadservices.com
taxsee.com
client.taxsee.com
yandex.ru
mc.yandex.ru
Дигар файлҳои cookie бегона
Дар баъзе саҳифаҳои сомонаҳои мо маводи сомонаҳое чун YouTube ва Facebook мавҷуданд. Диққат диҳед, ки мо ба файлҳои cookie аз тарафи ин сомонаҳо истифодашаванда таъсир расонида наметавонем. Сомонаи дахлдори бегонаро боздид намуда, дар бораи файлҳои cookie маълумоти иловагӣ гирифтан мумкин аст.
Идоракунии файлҳои cookie ва тоза кардани онҳо
Файлҳои cookie-ро муҳосира ё тоза кардан, инчунин амали онҳоро дар мизробҳои браузери шумо маҳдуд намудан мумкин аст. Амалҳои барои иҷрои ин кор зарурӣ дар браузерҳои гуногун аз ҳам фарқ карда метавонанд.
Дастурамал барои браузерҳои машҳур:
Safari iOS (iPhone, iPad, iPod touch) https://support.apple.com/ru-ru/HT201265
Инчунин, барои гирифтани дастурамалҳо дар браузери худ аз функсияи маълумотнома истифода бурда метавонед. Маълумоти иловагӣ дар бораи идоракунии файлҳои cookie ва тоза кардани онҳо дар браузерҳои гуногун дар саҳифаи http://www.aboutcookies.org мавҷуд аст.
Саҳифаҳои муайяни сомонаҳои мо танҳо ба шарти истифодаи файлҳои cookie дастрасанд. Хомӯш намудани файлҳои cookie ба маҳдуд шудани дастрасӣ ба маводи мо ва фаъолияти пастсифати сомонаҳо боис шуда метавонад. Маълумот дар бораи идоракунии файлҳои cookie дар браузери таҷҳизоти мобилӣ дар дастурамали таҷҳизот пешниҳод мегардад.
Агар истифодабарандагони ҳамин сомона истифодаи файлҳои cookie ва ба ин монанд интернет-технологияҳоро манъ накунанд, онҳо бо ин амалашон барои истифодаи чунин технологияҳо бо мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот розигӣ медиҳанд.