Ба қафоСиёсати махфият

Сиёсати хадамоти «Максим» нисбат ба коркарди маълумоти махфӣ


Ҳамин сиёсат тартиби аз тарафи хадамоти «Максим» (минбаъд — Хадамот) ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ ва дигар маълумоти махфии шахсони воқеиро бо истифодаи воситаҳои автоматикунонӣ тавассути шабакаи Интернет танзим менамояд.

Муқаррароти умумӣ
1. Дар доираи ҳамин созишнома истилоҳоти зерин истифода бурда мешаванд:
1.1. Маълумоти шахсӣ — ҳамагуна иттилооте, ки бевосита ё бавосита ба шахси воқеии муайян ё муайяншаванда (субъекти маълумоти шахсӣ) дахл дорад.
1.2. Хадамот — шахсе, ки мустақилона коркарди маълумоти шахсиро ташкил мекунад ва (ё) анҷом медиҳад, инчунин мақсади коркарди маълумоти шахсӣ, таркиби маълумоти шахсии коркардшаванда ва амали (амалиёти) бо маълумоти шахси анҷомдодашавандаро муайян менамояд.
1.3. Сомона — маҷмуи барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва дигар иттилооти таркиби системаи иттилоотӣ, ки дастрасӣ ба он тавассути шабакаи Интернет аз рӯи номҳои доменӣ ва (ё) аз рӯи суроғаҳои шабакавии муайянкунандаи сомонаҳо дар шабакаи Интернет таъмин мегардад. Хадамот сомонаҳоро барои таъмини имкони ворид намудани фармоиши Фармоишдиҳанда ба маҷмуи барномавию дастгоҳӣ истифода мебарад. Суроғаҳои сомона: https://taximaxim.tj ва https://taximaxim.com
1.4. Замимаи мобилӣ — барнома барои мошинҳои электронии ҳисоббарор, ки дар таҷҳизоти Фармоишдиҳанда таҳти идораи системаҳои амалиётии мобилии iOS, Android ва Windows Phone насб гардида, ба маҷмуи барномавию дастгоҳии Хадамот ҳамроҳ карда шудааст ва автоматикунонии раванди ташкили фармоишҳоро барои расонидани хизматҳо имконпазир мегардонад.
1.5. Имкони ворид намудани фармоиши Фармоишдиҳанда ба маҷмуи барномавию дастгоҳӣ — қабули фармоиш, коркард ва супоридани он ба Интиқолдиҳанда, инчунин хабардор намудани Фармоишдиҳанда дар бораи иҷрои фармоиш тавассути маҷмуи барномавию дастгоҳӣ. Хадамот ба Фармоишдиҳанда хизматрасонии интиқол ё дигар намуди хизматрасониҳои нақлиётиро пешниҳод намекунад.
1.6. Фармоишдиҳанда — шахси воқеӣ, ки ба маҷмуи барномавию дастгоҳии Хадамот тавассути сомона ва замимаи мобилӣ ворид намудани фармоиш ё даъват ба рақами телефони абонентии Хадамотро амалӣ менамояд ва бо ин мақсад маълумоти шахсии худро пешниҳод мекунад.
1.7. Интиқолдиҳанда — шахси воқеӣ, ки хизмати яккарата мерасонад ва субъекти бо фаъолияти мунтазами соҳибкорӣ машғул ё субъекти мустақили хоҷагидори ба фаъолияти мунтазами соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ тавассути Хадамот ҳуқуқдошта ба ҳисоб намеравад.
1.8. Фармоиш – иттилооти тавассути маҷмуи барномавию дастгоҳии Хадамот коркардшуда дар бораи талаботи Фармоишдиҳанда ба иҷрои хизматрасониҳои яккарата ҷиҳати даъвати воситаи нақлиёт, интиқоли борҳо, анҷом додани корҳои боркунию борфурорӣ аз тарафи Интиқолдиҳандагон.
1.9. Коркарди маълумоти шахсӣ — ҳамагуна амал (амалиёт) ё маҷмуи амалҳо (амалиётҳо), ки бо истифодаи воситаҳои автоматикунонӣ ё бе истифодаи чунин воситаҳо бо маълумоти шахсӣ анҷом дода мешавад, аз ҷумла ҷамъоварӣ, сабт, тасниф, андӯхт, нигаҳдорӣ, ислоҳ (навсозӣ, тағирдиҳӣ), иқтибос, истифода, супоридан (паҳнкунӣ, пешниҳод, дастрасӣ), бехусусиятгардонӣ, муҳосиракунӣ, тозакунӣ ва нобудсозии маълумоти шахсӣ.
1.10. Коркарди автоматикунонидаи маълумоти шахсӣ — коркарди маълумоти шахсӣ бо ёрии воситаҳои техникаи ҳисоббарор.
1.11. Пешниҳоди маълумоти шахсӣ — амале, ки ба ошкор намудани маълумоти шахсӣ ба шахси муайян ё доираи муайяни шахсон равона шудааст.
1.12. Муҳосираи маълумоти шахсӣ — қатъи муваққатии коркарди маълумоти шахсӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар коркард барои ислоҳи маълумоти шахсӣ зарур бошад).
1.13. Нобудсозии маълумоти шахсӣ — амале, ки дар натиҷаи он барқарор намудани таркиби маълумоти шахсӣ дар системаи иттилоотии маълумоти шахсӣ ғайриимкон мегардад ва (ё) дар натиҷаи он ҳомилҳои моддии маълумоти шахсӣ нобуд карда мешаванд.
1.14. Системаи иттилоотии маълумоти шахсӣ — маҷмуи маълумоти шахсии таркиби пойгоҳи маълумот, ки коркарди ин маълумотро бо технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои техникӣ таъмин менамояд.
1.15. Файлҳои cookie — ҳиссаи маълумоте, ки сомона мефиристад ва он дар компютер, телефони мобилӣ ё таҷҳизоти дигар нигаҳдорӣ мешавад ва Фармоишдиҳанда тавассути таҷҳизоти номбаршуда ба сомона ворид мегардад, барои нигаҳдории маълумот дар бораи амалҳои Фармоишдиҳанда дар сомона истифода бурда мешавад.
1.16. Муайянкунандаи таҷҳизот — маълумоти ягонаи муайянкунандаи таҷҳизоти Фармоишдиҳанда, ки замимаи мобилӣ дар ҳамин таҷҳизот насб гардидааст, аз тарафи худи таҷҳизот пешниҳод мегардад ё замимаи мобилӣ ба ҳисоб мегирад.
2. Амалӣ намудани воридсозии фармоиш ба маҷмуи барномавию дастгоҳии Хадамот тавассути сомона, замимаи мобилӣ ё даъват ба рақами телефони абонентии Хадамот далели бо шартҳои ҳамин сиёсат розӣ будани Фармоишдиҳанда аст, аз ҷумла розӣ будани Фармоишдиҳанда ба коркарди маълумоти шахсии ӯ аз тарафи Хадамот дар ҳолатҳое, ки муқаррароти қонунгузории амалкунанда чунин розигиро талаб мекунад.

Маълумоти шахсӣ
3. Дар рафти коркарди маълумоти шахсӣ Фармоишдиҳанда ҳуқуқ дорад:
3.1. Иттилоотро вобаста ба коркарди маълумоти шахсии худ гирад, аз ҷумла иттилооти зеринро:
3.1.1. Тасдиқи далели коркарди маълумоти шахсӣ;
3.1.2. Асосҳои ҳуқуқӣ ва мақсади коркарди маълумоти шахсӣ;
3.1.3. Мақсад ва тарзҳои истифодашавандаи коркарди маълумоти шахсӣ;
3.1.4. Маълумот дар бораи ном ва маҳали ҷойгиршавии шахсе, ки коркарди маълумоти шахсиро анҷом медиҳад, маълумот дар бораи шахсоне, ки ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ доранд (ба истиснои кормандони Хадамот) ё маълумот дар бораи шахсоне, ки ба онҳо маълумоти шахсиро дар асоси шартнома бо Хадамот ё дар асоси қонунгузории амалкунанда ошкор кардан мумкин аст;
3.1.5. Маълумоти шахсии коркардшаванда, ки ба субъекти дахлдори маълумоти шахсӣ ва сарчашмаи гирифтани ин маълумот дахл дорад, агар тартиби дигари пешниҳоди чунин маълумот дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нашуда бошад;
3.1.6. Муҳлатҳои коркарди маълумоти шахсӣ, аз ҷумла муҳлатҳои нигаҳдории он;
3.1.7. Тартиби аз тарафи Хадамот амалӣ шудани ҳуқуқҳое, ки дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидаанд;
3.1.8. Иттилоот дар бораи амалӣ шудани супоридан ё эҳтимоли супоридани фаромарзии маълумоти шахсӣ;
3.1.9. Ном ё насаб, ном, номи падар ва суроғаи шахсе, ки коркарди маълумоти шахсиро бо супориши Хадамот анҷом медиҳад, агар коркард ба чунин шахс супорида шуда бошад ё дар оянда супорида шавад;
3.1.10. Дигар маълумоти пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда.
3.2. Аз Хадамот ислоҳи маълумоти шахсии худ, муҳосира ё нобуд кардани ин маълумотро талаб намояд, агар маълумоти шахсӣ нопурра, куҳнашуда, нодуруст, ғайриқонунӣ гирифташуда ё барои мақсади арзшудаи коркард зарур набошад, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ чораҳои дар қонунгузорӣ пешбинишударо андешад.
3.3. Нисбат ба ҳаракат ё беҳаракатии Хадамот ба мақоми ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи субъектҳои маълумоти шахсӣ ё бо тартиби судӣ иддао арз кунад, агар Фармоишдиҳанда гумон дошта бошад, ки Хадамот коркарди маълумоти шахсии ӯро бе риояи талаботи қонунгузории амалкунанда анҷом медиҳад ё ба тарзи дигар ҳуқуқу озодиҳои ӯро поймол мекунад.
3.4. Ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ, аз ҷумла ба ҷуброни зарар ва (ё) ҷуброни зиёни маънавӣ бо тартиби судӣ.
4. Дар рафти коркарди маълумоти шахсӣ Хадамот уҳдадор мешавад:
4.1. Ба Фармоишдиҳанда бо дархости ӯ иттилооти зеринро пешниҳод намояд:
4.1.1. Тасдиқи далели коркарди маълумоти шахсӣ;
4.1.2. Асосҳои ҳуқуқӣ ва мақсади коркарди маълумоти шахсӣ;
4.1.3. Мақсад ва тарзҳои истифодашавандаи коркарди маълумоти шахсӣ;
4.1.4. Ном ва маҳали ҷойгиршавии худ, маълумот дар бораи шахсоне, ки ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ доранд (ба истиснои кормандон) ё маълумот дар бораи шахсоне, ки ба онҳо маълумоти шахсиро дар асоси шартнома ё дар асоси қонунгузории амалкунанда ошкор кардан мумкин аст;
4.1.5. Маълумоти шахсии коркардшавандаи Фармоишдиҳанда ва сарчашмаи гирифтани чунин маълумот, агар тартиби дигари пешниҳоди чунин маълумот дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нашуда бошад;
4.1.6. Муҳлатҳои коркарди маълумоти шахсӣ, аз ҷумла муҳлатҳои нигаҳдории он;
4.1.7. Тартиби аз тарафи Фармоишдиҳанда амалӣ шудани ҳуқуқҳое, ки дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидаанд;
4.1.8. Иттилоот дар бораи амалӣ шудани супоридани маълумот ё иттилоот дар бораи эҳтимоли супоридани фаромарзии маълумот;
4.1.9. Ном ё насаб, ном, номи падар ва суроғаи шахсе, ки коркарди маълумоти шахсиро бо супориши Хадамот анҷом медиҳад, агар коркард ба чунин шахс супорида шуда бошад ё дар оянда супорида шавад;
4.1.10. Дигар маълумоти пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда.
4.2. Андешидани чораҳоро ҷиҳати пешгирии дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсии Фармоишдиҳанда таъмин намояд.
4.3. Ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсат нисбат ба коркарди маълумоти шахсиро нашр кунад ё ба тарзи дигар дастрасии бемаҳдудият ба ҳамин ҳуҷҷат, инчунин ба маълумот дар бораи талаботи татбиқшаванда нисбат ба ҳифзи маълумоти шахсиро таъмин намояд.
5. Мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии Фармоишдиҳанда бастани шартномаи хизматрасонӣ ба Фармоишдиҳанда дар байни Фармоишдиҳанда ва Хадамот мебошад.
6. Маълумоти шахсии Фармоишдиҳанда дар ҳомилҳои электронӣ нигоҳ дошта шуда, бо истифодаи системаҳои автоматикунонидаи коркарди маълумоти шахсӣ коркард карда мешавад.
7. Хадамот чунин маълумоти шахсии Фармоишдиҳандаро ҷамъоварӣ ва коркард мекунад:
7.1. Ном, насаб ва номи падар;
7.2. Санаи таваллуд;
7.3. Рақами телефони абонентӣ;
7.4. Суроғаи маҳали ҷойгиршавӣ;
7.5. Суроғаи почтаи электронӣ.
8. Фармоишдиҳанда метавонад чунин маълумоти шахсиро бо салоҳдиди худ ба Хадамот пешниҳод намояд, инчунин бо салоҳдиди худ онро тағир диҳад ва (ё) тоза кунад:
8.1. Ном, насаб ва номи падар;
8.2. Санаи таваллуд;
8.3. Суроғаи маҳали ҷойгиршавӣ;
8.4. Суроғаи почтаи электронӣ
9. Маълумоти шахсии Фармоишдиҳанда дар ҳолатҳои зерин аз тарафи Хадамот нобуд карда мешавад:
9.1. Баъди гузаштани се сол аз лаҳзаи аз тарафи Фармоишдиҳанда ба маҷмуи барномавию дастгоҳӣ ворид намудани фармоиш;
9.2. Дар ҳолати аз тарафи Фармоишдиҳанда бозхонд шудани розигӣ барои коркарди маълумоти шахсии ӯ.
10. Маълумоти шахсии Фармоишдиҳанда бе имкони барқароркунии минбаъдаи он нобуд карда мешавад.
11. Ба маълумоти шахсии Фармоишдиҳанда танҳо шахсоне дастрасӣ доранд, ки ба ворид намудани фармоиши Фармоишдиҳанда ба маҷмуи барномавию дастгоҳӣ бевосита алоқаманд мебошанд. Дар ҳолатҳои дигар Хадамот маълумоти шахсии Фармоишдиҳандаро паҳн намекунад, инчунин бе гирифтани розигии пешакии Фармоишдиҳанда дастрасӣ ба ин маълумотро ба шахсони сеюм пешниҳод наменамояд, ба истиснои ҳолатҳои пешниҳоди маълумоти шахсӣ бо дархости мақомоти ваколатдори давлатӣ тибқи қонунгузории амалкунанда.
12. Хадамот ҷиҳати пешгирии дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсии Фармоишдиҳанда чораҳои зеринро меандешад:
12.1. Кормандони масъулро барои ташкили коркарди маълумоти шахсӣ таъин мекунад;
12.2. Чораҳои ташкилию техникиро барои таъмини амнияти маълумоти шахсии Фармоишдиҳанда меандешад, аз ҷумла:
12.2.1. Таҳдидҳо ба амнияти маълумоти шахсиро ҳангоми коркарди он дар системаҳои иттилоотии маълумоти шахсӣ муайян менамояд;
12.2.2. Низоми таъмини амнияти биноҳоеро, ки дар онҳо системаи иттилоотии бартарафкунандаи вуруд ё ҳузури назоратнашавандаи шахсони ба ин биноҳо ҳуқуқи дастрасӣ надошта ҷойгир шудааст, ташкил мекунад;
12.2.3. Амнияти ҳомилҳои маълумоти шахсиро таъмин мекунад;
12.2.4. Рӯйхати шахсонеро, ки ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ доранд ва ин маълумот барои иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ (меҳнатӣ)-и онҳо зарур аст, тасдиқ мекунад;
12.2.5. Воситаҳои ҳифзи иттилоотро, ки барои пешгирии дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ заруранд, истифода мебарад;
12.2.6. Самаранокии чораҳои андешидашаванда ҷиҳати таъмини амнияти маълумоти шахсиро арзёбӣ мекунад;
12.2.7. Ошкор намудани далелҳои дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ ва андешидани чораҳоро таъмин мекунад;
12.2.8. Маълумоти шахсии дар натиҷаи дастрасии беиҷозат тағирдодашуда ё нобудгардидаро барқарор мекунад (ба шарти мавҷуд будани имконияти техникии чунин барқароркунӣ);
12.2.9. Қоидаҳои дастрасӣ ба маълумоти шахсии дар системаи иттилоотии маълумоти шахсӣ коркардшавандаро муқаррар менамояд;
12.2.10. Чораҳои андешидашаванда ҷиҳати таъмини амнияти маълумоти шахсӣ ва сатҳи муҳофизатии системаҳои иттилоотии маълумоти шахсиро назорат мекунад.
13. Фармоишдиҳанда ҳақ дорад, ки аз Хадамот ислоҳи (навсозии) маълумоти шахсии худ, муҳосира ё нобуд кардани ин маълумотро талаб намояд, агар маълумоти шахсӣ нопурра, куҳнашуда, нодуруст, ғайриқонунӣ гирифташуда ё барои мақсади арзшудаи коркард зарур набошад, инчунин розигии худро барои коркарди маълумоти шахсӣ бо роҳи ба Хадамот фиристодани дархост ва (ё) талаби дахлдор дар шакли хаттӣ бо фиристодани фармоишии он тавассути почта ва бо огоҳ намудан дар бораи супоридан ё шахсан расонидан ба маҳали ҷойгиршавии Хадамот бозхонд намояд. Суроғаи воҳидҳои Хадамот дар фасли дахлдори сомона қайд шудааст. Дархост/талаби зикршуда бояд рақами ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсияти Фармоишдиҳанда ё намояндаи ӯ, маълумот дар бораи санаи додани ҳуҷҷати зикршуда ва мақоми ҳуҷҷатдиҳанда, суроғаи ҷои истиқомати Фармоишдиҳанда, маълумоти тасдиқкунандаи иштироки Фармоишдиҳанда дар муносибатҳо бо Хадамот (рақами шартнома, санаи бастани шартнома, аломати шартии шифоҳӣ ва (ё) маълумоти дигар) ё маълумоте, ки ба тарзи дигар далели коркарди маълумоти шахсии Хадамотро тасдиқ мекунад, талабот дар бораи ислоҳ, муҳосира ё нобудсозии маълумоти шахсии Фармоишдиҳанда ё огоҳинома дар бораи бозхонди розигӣ барои коркарди маълумоти шахсӣ, имзои Фармоишдиҳанда ё намояндаи ӯро дар бар гирад. Хадамот уҳдадор мешавад, ки аз рӯи моҳияти дархост/талаби Фармоишдиҳанда дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи гирифтани он ҷавоби далелнок диҳад.

Маълумоти геолокатсионӣ
14. Хадамот тавассути замимаи мобилӣ дар бораи маҳали ҷойгиршавии Фармоишдиҳанда маълумот (маълумоти геолокатсионӣ) мегирад. Маълумоти геолокатсионӣ ба Хадамот танҳо дар вақти истифодаи замимаи мобилӣ дода мешавад. Фармоишдиҳанда бо салоҳдиди худ додани маълумоти геолокатсиониро бо роҳи тағири мизробҳои дахлдори таҷҳизоти мобилии худ манъ карда метавонад.
15. Хадамот бо мақсади иҷрои фармоиш маълумоти геолокатсионии Фармоишдиҳандаро ба Интиқолдиҳандагоне, ки фармоишро иҷро мекунанд, пешниҳод менамояд.

Маълумоти пардохт
16. Барои гирифтани имкони хизматрасониҳои нақлиётии Интиқолдиҳандагон ба тариқи пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ Фармоишдиҳанда корти бонкиро ба рақами телефони абонентии худ вобаста карда метавонад. Вобаста намудани корти бонкӣ мустақилона аз тарафи Фармоишдиҳанда дар замимаи мобилӣ бо роҳи нишон додани маълумоти зерин анҷом дода мешавад:
16.1. Рақами корти бонкӣ;
16.2. Муҳлати амали корти бонкӣ;
16.3. Насаб ва номи дорандаи корти бонкӣ;
16.4. Рамзи муҳофизатии корти бонкӣ.
17. Пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ тибқи қоидаи системаҳои пардохти байналмилалӣ бо принсипҳои риояи махфият ва амнияти иҷрои пардохт анҷом дода мешавад. Амнияти маълумоти пешниҳоднамудаи Фармоишдиҳанда бо расмиёти дахлдори талаботи стандарти амнияти маълумоти саноати кортҳои пардохтӣ (Payment Card Industry Data Security Standard) таъмин гардида, ҳеҷ кас, аз ҷумла Хадамот онро гирифта наметавонад. Ворид намудани маълумоти корти бонкӣ дар саҳифаи ҳифзшавандаи пардохтии бонки эквайер, ки имкони пардохти ғайринақдии хизматрасониҳоро таъмин менамояд, анҷом дода мешавад.

Файлы cookie
18. Хадамот намудҳои зерини файлҳои cookie-ро истифода бурда метавонад:
18.1. Файлҳои cookie қатъӣ зарур. Чунин файлҳои cookie барои ҷойивазкунӣ дар сомона ва истифодаи имконияти аз тарафи Фармоишдиҳанда дархостшаванда ҷиҳати ба маҷмуи барномавию дастгоҳӣ ворид намудани фармоиш лозиманд. Ин намуди файлҳои cookie ҳангоми бақайдгирии Фармоишдиҳанда ва ҳангоми ба система ворид шудан истифода бурда мешавад. Бе онҳо имконияти аз тарафи Фармоишдиҳанда дархостшаванда ҷиҳати ба маҷмуи барномавию дастгоҳӣ ворид намудани фармоиш дастнорас мегардад. Чунин файлҳои cookie асосӣ буда, доимӣ ва муваққатӣ шуда метавонанд. Бе истифодаи чунин файлҳои cookie сомона ба таври бояду шояд кор карда наметавонанд.
18.2. Файлҳои cookie истифодабарӣ. Чунин файлҳои cookie дар бораи истифодаи сомона маълумоти омориро ҷамъоварӣ мекунанд. Чунин файлҳо иттилооти шахсии Фармоишдиҳандаро намегиранд. Ҳамаи маълумоти ҷамъовардаи файлҳои cookie хусусияти оморӣ дошта, аноним (номаълум) мебошад. Мақсади истифодаи чунин файлҳои cookie:
18.2.1. Гирифтани омори истифодаи сомонаҳо;
18.2.2. Арзёбии самаранокии маъракаҳои рекламавӣ.
Чунин файлҳои cookie доимӣ ва муваққатӣ буда, ҳамзамон ба файлҳои cookie асосӣ ва файлҳои cookie бегона тааллуқ дошта метавонанд.
18.3. Файлҳои cookie функсионалӣ. Ин намуди файлҳои cookie барои ҳифзи иттилооти пешниҳоднамудаи Фармоишдиҳанда (ба мисли номи истифодабаранда, забон ё маҳали ҷойгиршавӣ) истифода бурда мешавад. Чунин файлҳои cookie иттилооти анонимро истифода намуда, амалҳои Фармоишдиҳандаро дар сомонаҳои дигар пайгирӣ намекунанд. Мақсади истифодаи чунин файлҳои cookie
18.3.1. Ҳифзи маълумот дар бораи ба Фармоишдиҳанда пешниҳод гардидани имконияти ба маҷмуи барномавию дастгоҳӣ ворид намудани фармоиш дар гузашта;
18.3.2. Баланд бардоштани сифати ҳамкорӣ бо сомона дар маҷмуъ ва бо роҳи ҳифзи афзалиятҳои интихобнамудаи Фармоишдиҳанда.
Чунин файлҳои cookie доимӣ ва муваққатӣ буда, ҳамзамон ба файлҳои cookie асосӣ ва файлҳои cookie бегона тааллуқ дошта метавонанд.
18.4. Файлҳои cookie рекламавӣ. Ин намуди файлҳои cookie барои маҳдуд намудани миқдори тамошои рекламаҳо, инчунин барои арзёбии самаранокии маъракаҳои рекламавӣ кор фармуда мешавад. Файлҳои cookie рекламавӣ барои идоракунии маводи рекламавӣ дар сомона истифода мегарданд. Файлҳои cookie рекламавӣ аз тарафи шахсони сеюм, масалан, рекламадиҳандагон ё агентҳои онҳо ҷойгир карда мешаванд. Чунин файлҳо ба реклама дар сомона, ки ширкатҳои бегона пешниҳод намудаанд, вобастагӣ доранд. Онҳо доимӣ ва муваққатӣ шуда метавонанд.
19. Муҳосира ё тоза кардани файлҳои cookie, инчунин маҳдуд намудани амали онҳо дар мизробҳои браузере, ки аз тарафи Фармоишдиҳанда кор фармуда мешавад, имконпазир аст.

Муайянкунандаи таҷҳизот
20. Маълумоти ҷамъоваришаванда дар бораи муайянкунандаи таҷҳизот маълумоти шахсии Фармоишдиҳандаро дар бар намегирад.
21. Мақсади ҷамъоварии маълумот дар бораи муайянкунандаи таҷҳизот баҳисобгирии дохилии истифодабарандагони замимаи мобилӣ мебошад.

Маълумот дар бораи оператори алоқаи мобилӣ
22. Хадамот тавассути замимаи мобилӣ дар бораи операторе, ки ба Фармоишдиҳанда хизматрасонии алоқаи телефонии мутаҳаррик (алоқаи мобилӣ)-ро пешниҳод менамояд, маълумот мегирад.
23. Маълумоте, ки дар бораи оператор ҷамъоварӣ мешавад, маълумоти шахсии Фармоишдиҳандаро дар бар намегирад.
24. Мақсади ҷамъоварии иттилоот дар бораи оператори алоқаи мобилӣ ба таври автоматӣ дар мизробҳои замимаи мобилӣ ҷойгир намудани маълумот дар бораи кишвари маҳали ҷойгиршавии Фармоишдиҳанда ва забони интерфейси замимаи мобилӣ мебошад.

Таърихи фармоишҳо
25. Хадамот таърихи сафарҳои Фармоишдиҳанда, аз ҷумла вақти ташкили фармоиш, суроғаи ҷои фиристодани автомобил, суроғаҳои хатсайри мобайнӣ ва хатсайри охирин, тарифи истифодашаванда, тарзи пардохт ва дигар маълумоти ҳангоми ташкили фармоиш нишондодашавандаро нигоҳ медорад.
26. Мақсади ҷамъоварии иттилоот дар бораи таърихи фармоишҳо беҳтар гардонидани сифати аз тарафи Фармоишдиҳанда ба маҷмуи барномавию дастгоҳӣ ворид намудани фармоиш бо роҳи пуркунии автоматии параметрҳои фармоиш ва бо истифодаи маълумоти пештар пешниҳодшуда мебошад, ки ихтисори вақти ташкили фармоишро имконпазир мегардонад.