Ба қафоМаълумоти ҳуқуқӣ
Ба қафоМаълумоти ҳуқуқӣ

Офертаи оммавӣ


1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Ҳамин ҳуҷҷати ба ҳамагуна шахси воқеӣ (минбаъд – Фармоишдиҳанда) нигаронидашуда пешниҳоди расмии хадамоти «Максим» (минбаъд — Хадамот), ки аз номи он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати хизматрасонии иттилоотӣ», РМА 020051164, шахси ҳуқуқии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёфта амал менамояд,мебошад ваҳамаи шартҳои асосии хизматрасониҳои иттилоотиро дар мавриди аз тарафи Хадамот пешниҳод шудани хизматрасониҳои иттилоотӣ ҷиҳати ба маҷмуи барномавию иттилоотӣ ворид намудани фармоиши Фармоишдиҳанда ва дар бораи иҷрои фармоиш хабардор намудани Фармоишдиҳанда дар бар мегирад
1.2. Тибқи моддаи 469-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин ҳуҷҷат офертаи расмӣ мебошад. Фармоиши воситаи нақлиёт тавассути Хадамот бо ҳамагуна тарзи дар ҳамин оферта нишондодашуда аксепти он буда, ба бастани шартнома бо шартҳои дар он баёнгардида баробар шуморида мешавад. Оферта дар сомонаҳои расмӣ ва шабакаи Интернет https://taximaxim.tj ва https://taximaxim.com ҷойгир карда шудааст.
1.3. Фармоишдиҳанда шартҳои ҳамин офертаи умумиро қабул карда, бо Сиёсати Хадамот вобаста ба коркарди маълумоти махфӣ, ки дар суроғаҳои https://taximaxim.tj/term/policy-client/ ва https://taximaxim.com/term/policy-client/ ҷойгир гардидааст, розӣ мешавад.
1.4. Фармоишдиҳанда бояд бо матни ҳамин оферта бодиққат шинос шавад. Дар ҳолати агар Фармоишдиҳанда ба ягон шарти он розӣ набошад, ба ӯ пешниҳод мегардад, ки аз хизматрасониҳои Хадамот даст кашад.
1.5. Маҳфумҳое , ки бо мақсади иҷрои шартҳои ҳамин оферта истифода бурда мешаванд:
1.5.1. Хизматрасониҳо – хизматрасониҳои иттилоотӣ, ки ба қабул, коркард ва супоридани фармоиш ба Шарик ва хабардор намудани Фармоишдиҳанда дар бораи иҷрои фармоиш равона шудаанд. Хадамот ба Фармоишдиҳанда хизматрасонии интиқол ё ягон хизматрасонии дигари нақлиётиро пешниҳод намекунад.
1.5.2. Фармоиш – фармоиши тавассути система коркардшуда барои хизматҳое, ки аз тарафи Шарикон расонида мешаванд.
1.5.3. Шарики Хадамот – шахсе, ки мустақилона ва бо қувваи худ ба Фармоишдиҳанда барои интиқоли мусофирон, бағоҷ ва бор хизмат мерасонад.
1.5.4. Утоқи шахсӣ – саҳифа дар сомонаи расмии Хадамот, ки дар бораи ҳаҷми хизматҳои расонидашуда ва ҳолати ҷории ҳисоби шахсии Фармоишдиҳанда маълумоти омориро дар бар мегирад. Барои бақайдгирии утоқи шахсӣ ақаллан дар бораи рақами телефони абонентии Фармоишдиҳанда маълумот пешниҳод кардан лозим аст.
1.5.5. Ҳисоби шахсӣ – ҳисобе, ки дар он пешпардохтҳои Фармоишдиҳанда ва маблағи воситаҳои пулӣ, ки аз ҳамин пардохтҳо ба сифати пардохт барои хизматрасониҳо нигоҳ дошта шудаанд (аз ҳисоб бароварда шудаанд), ба қайд гирифта мешаванд. Ҳисоби шахсӣ рақами ягона дошта, аз тарафи Хадамот ташкил карда мешавад .
1.5.6. Тавозуни ҳисоби шахсӣ – фарқи лаҳзаи муайяни вақт дар байни маблағи воситаҳои пулӣ, ки ба суратҳисоби шахсӣ ворид карда шудааст ва аз суратҳисоби шахсӣ хориҷ гардидааст.
1.5.7. Фармоишдиҳанда – шахсе, ки фармоиши хизматрасонии интиқолро тавассути Хадамот амалӣ менамояд.
1.5.8. Хатсайр – роҳи ҳаракати воситаи нақлиёт дар байни нуқтаҳои фиристодан ва таъинот.
1.5.9. Фармоиши пешакӣ – фармоиши хизматрасонии интиқол, ки на камтар аз 60 дақиқа пешакӣ қабул карда мешавад ва имкони омадани воситаи нақлиётро дар лаҳзаи вақти нишондодаи Фармоишдиҳанда пешбинӣ менамояд.
1.5.10. Фармоиши ҷорӣ – фармоише, ки ҳар чи зудтар омадани воситаи нақлиётро пешбинӣ менамояд.
1.5.11. Замимаи мобилӣ – барнома барои мошинҳои электронии ҳисоббарор, ки дар дастгоҳи мобилии Фармоишдиҳанда насб карда мешавад ва автоматикунонии раванди ташкили фармоишҳоро тавассути шабакаи Интернет имконпазир мегардонад.
2. Мавзӯи оферта
2.1. Хадамот ба Фармоишдиҳанда ҷиҳати ба маҷмуи барномавию дастгоҳӣ ворид намудани фармоиш ва хабардор намудани Фармоишдиҳанда дар бораи иҷрои фармоиш хизматрасонии иттилоотиро ба таври ройгон пешниҳод менамояд. Хадамот ташкилоти нақлиётӣ нест, мустақилона ба Фармоишдиҳанда хизматрасониҳои интиқоли мусофирон, бағоҷу ва бор ё ягон хизматрасонии дигари нақлиётиро ба сифати операторе, ки фармоишро ба Шарик месупорад, пешниҳод намекунад.
3. Тартиби хизматрасонӣ
3.1. Аксепти ҳамин оферта аз тарафи Фармоишдиҳанда бо роҳи муроҷиат ба Хадамот бо мақсади фармоиши воситаи нақлиёт бо ҳамагуна тарзи дастрас амалӣ мегардад.
3.2. Фармоишдиҳанда барои мазмун ва дурустии маълумоте, ки ҳангоми ҷойгир намудани фармоиш пешниҳод мешавад, ҷавобгар аст.
3.3. Баъди ҷойгир намудани фармоиш маълумот дар бораи Фармоишдиҳанда дар пойгоҳи маълумоти Хадамот ба қайд гирифта мешавад. Маълумот дар бораи Фармоишдиҳанда бе розигии ӯ тағир дода намешавад ва мавриди таҳрир қарор намегирад.
3.4. Хадамот фармоишро дар маҷмуи барномавию дастгоҳӣ ба таври ройгон ҷойгир намуда, ба Шарик дастрасии иттилотиро таъмин мекунад. Шарик фармоишро интихоб менамояд ва дар бораи интихоби худ ба Хадамот хабар дода, вақти омаданашро барои фармоиши интихобшуда нишон медиҳад. Илова бар ин, Хадамот ба маҷмуи барномавию дастгоҳӣ ворид намудани фармоишро кафолат медиҳад. Барои амалӣ намудани ҳамлу нақл Шарик ҷавобгар аст.
3.5. Хадамот дар бораи фиристодани воситаи нақлиёт бо нишон додани тамға, модел, ранг ва рақами давлатии он ба Фармоишдиҳанда хабар медиҳад.
3.6. Хадамот фармоишҳои пешакиро барои пешниҳоди воситаи нақлиёт қабул карда метавонад. Барои саривақт фиристодани воситаи нақлиёт Шарик, ки Хадамот дар бораи фармоиши пешакӣ ба ӯ саривақт хабар додааст, ҷавобгар мебошад. Аммо, дар ин сурат, фиристодани воситаи нақлиёт кафолат дода намешавад.
3.7. Хадамот ҳақ дорад, бе шарҳи сабабҳои дасткашӣ аз хизматрасонӣ ба Фармоишдиҳандае, ки ба шартҳои ҳамин оферта норозигӣ баён намудааст, даст кашад.
3.8. Гуфтугӯҳои телефонӣ дар байни Фармоишдиҳанда ва Хадамот бо мақсади назорати дохилии фаъолияти Хадамот ва назорати сифати иҷрои фармоишҳо сабт карда мешаванд.
3.9. Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, инчунин таъмини ҳамкории амалӣ дар байни Фармоишдиҳанда ва Хадамот, Фармоишдиҳанда метавонад дар бораи аз тарафи Шарик вайрон шудани ҳуқуқҳои худ ба тариқи муроҷиат бо истифодаи алоқаи баръакси электронӣ ё дар шакли хаттӣ аз рӯи маҳали ҷойгиршавии Хадамот ба Хадамот хабар диҳад. Дар чунин ҳолат Хадамот дар бораи иддаои аз Фармоишдиҳанда воридгардида Шарикро огоҳ намуда, рақами тамоси телефони Фармоишдиҳанда ва инчунин мазмуни шикоятро ба Шарик хабар медиҳад. Танзими минбаъдаи ихтилоф дар байни Фармоишдиҳанда ва Шарик бе иштироки Хадамот сурат мегирад. Мазмуни ҳамин банд дар бораи ба зиммаи Хадамот гузошта шудани ягон уҳдадории ҷуброни зарар дар шакли молӣ ё пулӣ, пардохти ҷуброн ва/ё аз тарафи Хадамот қабул шудани дигар уҳдадориҳои дар ҳамин оферта пешбининашуда далолат намедиҳад ва чунин арзёбӣ шуда наметавонад.
3.10. Хадамот ҳангоми ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии Фармоишдиҳанда тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 августи соли 2018 «Дар бораи ҳимояи маълумоти шахсӣ», инчунин Сиёсати Хадамот вобаста ба коркарди маълумоти махфӣ амал мекунад.
3.11. Дар ҳолати агар дар мавриди хусусиятҳои хизматрасонӣ дар Фармоишдиҳанда саволҳо пайдо шаванд, ӯро зарур аст, ки пеш аз ҷойгир намудани фармоиш барои машварат ба мутахассиси Хадамот муроҷиат кунад.
4. Уҳдадориҳои Хадамот
4.1. Фармоишро ба таври ройгон дар маҷмуи барномавию дастгоҳӣ ҷойгир намуда, дар бораи иҷрои фармоиш ба Фармоишдиҳанда хабар диҳад.
4.2. Дар бораи ҳолатҳои таъхири маҷбурии воситаи нақлиёт ба Фармоишдиҳанда хабар диҳад.
4.3. Дар бораи ҳолатҳои ғайриимкон будани пешниҳоди воситаи нақлиёт ба Фармоишдиҳанда хабар диҳад.
4.4. Пешпардохтҳои Фармоишдиҳандаро саривақт ба ҳисоби шахсӣ гузаронад.
4.5. Кӯшишҳои дастрасии беиҷозатро ба маълумоти пешниҳоднамудаи Фармоишдиҳанда ва/ё додани ин маълумотро ба шахсоне, ки ба иҷрои фармоиш робитаи бевосита надоранд, саривақт ошкор ва пешгирӣ намояд.
5. Уҳдадориҳои Фармоишдиҳанда
5.1. Хизматрасониро бо назардошти вақте, ки барои фиристодани воситаи нақлиёт зарур аст, фармоиш диҳад.
5.2. Миқдори ҷойҳои нишаст ва ҳаҷми бордони воситаи нақлиёт, инчунин зарурати бо дастгоҳҳои кӯдакнигаҳдоранда таҷҳизонидани воситаи нақлиётро ба назар гирад.
5.3. Рақами телефони Фармоишдиҳанда, вақт ва суроғаи фиристодани воситаи нақлиёт, намуди воситаи нақлиёт, хатсайри сафар ва шартҳои зарурии интиқолро хабар диҳад.
5.4. Воситаи нақлиёти пешниҳодшударо аз рӯи таъинот истифода барад.
5.5. Дар ҳамаи хатсайр тозагӣ ва тартибро дар воситаи нақлиёт риоя кунад.
6. Ҳисоббаробаркунӣ дар байни Фармоишдиҳанда ва Шарик
6.1. Хадамот ба Фармоишдиҳанда хизматҳоеро пешниҳод менамояд, ки мавзӯи онҳо бо ҳамин оферта дар асоси ройгон муайян гардидааст.
6.2. Ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасониҳои интиқоли мусофирон, бағоҷ ва бор бевосита дар байни Фармоишдиҳанда ва Шарик анҷом дода мешавад. Хадамот дар бораи арзиши хизматрасонӣ ба Фармоишдиҳанда хабар медиҳад. Арзиши зикршуда дар асоси тарифҳое ҳисоб карда мешавад, ки Шарики фармоишро барои иҷро қабулкарда ин тарифҳоро истифода мебарад. Дар бораи арзиши ниҳоии хизматрасонӣ ба Фармоишдиҳанда хабар додан далели аз тарафи Хадамот пешниҳод шудани хизматрасонии интиқол намебошад ва чунин арзёбӣ шуда наметавонад.
6.3. Шакли ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасониҳои интиқоли мусофирон, бағоҷ ва бор бевосита аз тарафи Фармоишдиҳанда ва Шарик бе иштироки Хадамот мувофиқа карда мешавад.
6.4. Хадамот ба Фармоишдиҳанда ва Шарик вобаста ба шаклу тартиби ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасониҳои интиқоли мусофирон, бағоҷ ва бор ягон дастур намедиҳад.
6.5. Хадамот ба Фармоишдиҳанда имконияти техникиро барои пардохти хизматрасониҳои интиқоли мусофирон, бағоҷ ва бор бо шаклҳои зерин пешниҳод менамояд:
6.5.1. Пешпардохт дар терминали худхизматрасонӣ бо роҳи ба ҳисоби шахсии Фармоишдиҳанда ворид намудани воситаҳои пулӣ;
6.5.2. Пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ (ба шарти мавҷуд будани имконияти техникӣ).
6.6. Ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар байни Фармоишдиҳанда ва Шарик ба тариқи пешпардохт ё пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ Хадамот ба сифати агенти Шарик баромад карда, дар қисми қабули воситаҳои пулии Фармоишдиҳанда аз ном ва аз ҳисоби Шарик амал менамояд. Хадамот уҳдадориҳои агенти Шарикро танҳо дар қисми таъмини қабули воситаҳои пулии Фармоишдиҳанда ба зимма мегирад.
6.7. Пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ тавассути кортҳои пардохтии қарзӣ ва дебетии системаҳои Visa, MasterCard, «Мир» анҷом дода мешавад.
6.8. Барои таъмини имконияти пардохти хизматрасониҳои Шарикон ба тариқи пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ утоқи шахсиро ба қайд гирифта, инчунин корти бонкиро ба ҳисоби шахсии Фармоишдиҳанда вобаста намудан лозим аст.
6.9. Пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ тибқи қоидаҳои системаҳои пардохти байналмилалӣ бо принсипҳои риояи махфият ва пардохти бехатар анҷом дода мешавад. Бехатарии маълумоте, ки аз тарафи Фармоишдиҳанда пешниҳод мегардад, бо мутобиқати расмиёт ба талаботи стандарти бехатарии маълумоти саноати кортҳои бонкӣ (Payment Card Industry Data Security Standard) таъмин гардида, ҳеҷ кас, аз ҷумла Хадамот, онро гирифта наметавонад. Ворид намудани маълумоти корти бонкӣ дар саҳифаи пардохтии муҳофизатшудаи бонки эквайер, ки имконияти пардохти ғайринақдиро таъмин менамояд, сурат мегирад.
6.10. Бо мақсади тасдиқи имконияти пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ воситаҳои пулиро ба андозаи арзиши хизматрасониҳои дахлдори нақлиётӣ дар лаҳзаи ҷойгир намудани фармоиш дар корти бонкӣ захира намудан мумкин аст. Дар ҳолати аз тарафи Фармоишдиҳанда рад шудани фармоиши ҷойгиргардида, инчунин дар ҳолати ба Фармоишдиҳанда пешниҳод нагардидани хизматрасониҳои нақлиётӣ, воситаҳои пулии дар корт захирашуда ба Фармоишдиҳанда баргардонида мешаванд.
6.11. Дар ҳолати тағири ҳаҷми хизматрасониҳои дахлдори нақлиётӣ аз тарафи Фармоишдиҳанда (тағири хатсайр, аз тарафи Шарик ба Фармоишдиҳанда пешниҳод шудани хизматрасониҳои иловагии пулакӣ ва ғ.) арзиш аз нав ҳисоб карда мешавад. Фармоишдиҳанда тибқи ҳаҷми воқеии хизматрасониҳо фармоишро пардохт менамояд.
6.12. Фармоишдиҳанда ва Шарик ҳақ доранд, ки дигар шаклҳои ҳисоббаробаркуниро барои хизматрасониҳои дар ҳамин оферта пешбининашудаи интиқоли мусофирон, бағоҷ ва бор, аз ҷумла пардохти хизматрасониҳо бо пули нақд ва дигар тарзҳое, ки ба қонунгузории амалкунанда мухолиф нестанд, мувофиқа намоянд.
6.13. Шарик ҳақ дорад, ки ҷиҳати ба Фармоишдиҳанда пешниҳод намудани хизматрасониҳои иловагии зерин музд муайян намояд:
6.13.1. Аз 5 дақиқа зиёдтар мунтазир истодан аз лаҳзаи хабардор намудани Фармоишдиҳанда дар бораи омадани автомобил;
6.13.2. Кашонидани бағоҷи калонҳаҷм дар бордони воситаи нақлиёт.
6.14. Шарик ҳақ дорад, ки барои аз сафар даст кашидани Фармоишдиҳанда, баъди ба суроғаи нишондодаи Фармоишдиҳанда омадани автомобил, ҷаримаи аҳдшиканӣ муқаррар намояд. Андозаи ҷаримаи аҳдшиканиро Шарик муқаррар менамояд.
6.15. Хадамот дар бораи тарифҳои барои пешниҳоди хизматрасониҳои иловагӣ ва ҷаримаи аҳдшиканӣ муқаррарнамудаи Шарик ба Фармоишдиҳанда хабар медиҳад. Илова бар ин, ҳисоббаробаркунӣ барои пешниҳоди хизматҳои иловагӣ ва пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ ба Шарик бевосита дар шакле, ки Фармоишдиҳанда ва Шарик мувофиқа намудаанд, анҷом дода мешавад.
7. Ҷавобгарии Тарафҳо
7.1. Тарафҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ тибқи қонунгузории ҶТ ҷавобгариро ба зимма мегиранд.
7.2. Хадамот барои таваққуф дар хизматрасонӣ ҳангоми нуқсони таъминоти барномавӣ ё таҷҳизоте, ки ба Хадамот тааллуқ надорад, ҷавобгариро ба зимма намегирад.
7.3. Хадамот барои пурра ё қисман қатъ шудани хизматрасонӣ вобаста ба иваз намудани таҷҳизот, таъминоти барномавӣ ё иҷрои корҳои дигар, ки ба сабаби зарурати ҳифзи коршоямӣ ва рушди воситаҳои техникии Хадамот ба миён омадааст, ҷавобгариро ба зимма намегирад.
7.4. Хадамот барои зарари бевосита ва фоидаи аздастрафта, ки дар натиҷаи истифодаи хизматрасониҳо ба Фармоишдиҳанда расонида шудааст, ҷавобгариро ба зимма намегирад.
7.5. Хадамот барои иҷро нашудани уҳдадориҳо аз тарафи Шарик ҷавобгариро ба зимма намегирад.
8. Тартиби ҳалли баҳсҳо
8.1. Тарафҳо баҳсу ихтилофро вобаста ба иҷрои ҳамин оферта бо роҳи гуфтушунид ҳал мекунанд.
8.2. Дар ҳолати агар бо роҳи гуфтушунид танзим намудани баҳсҳо ғайриимкон бошад, он гоҳ ин баҳсҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ ҳал карда мешаванд.
9. Шартҳои махсус
9.1. Фармоишдиҳанда бо шартҳои оферта дар ҳамин таҳрир розӣ шуда, барои гирифтани хабарҳои иттилоотӣ, инчунин иттилооти рекламавӣ (аз ҷумла тавассути хабарҳо ба воситаи интернет-мессенҷерҳои Viber, WhatsApp, Telegram ва монанди ин), ки дар шабакаҳои алоқа бо мақсад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи зарурати чунин розигӣ дар қонунгузории ҶТ дар бораи реклама паҳн карда мешавад, розигӣ медиҳад.