Ба қафоМаълумоти ҳуқуқӣ
Ба қафоМаълумоти ҳуқуқӣ

Офертаи оммавӣ


1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Ҳамин ҳуҷҷати ба ҳамагуна шахси воқеӣ (минбаъд – Фармоишдиҳанда) нигаронидашуда пешниҳоди расмии хадамоти «Максим» (минбаъд — Хадамот) мебошад ва  ҳамаи шартҳои асосии хизматрасониҳои иттилоотиро, ки мазмуни онҳо дар банди 2.1 офертаи мазкур нишон дода шудааст, доро аст.

1.2. Тибқи моддаи 469-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин ҳуҷҷат офертаи расмӣ мебошад Фармоиши воситаи нақлиёт, аксепти он буда, ба бастани шартнома бо шартҳои дар он баёнгардида баробар шуморида мешавад. Оферта дар сомонаҳои расмии Хадамот дар шабакаи Интернет дар суроғаи https://taximaxim.tj ва https://taximaxim.com ҷойгир карда шудааст.

1.3. Фармоишдиҳанда шартҳои ҳамин офертаи умумиро қабул карда, бо Сиёсати Хадамот вобаста ба коркарди маълумоти махфӣ, ки дар суроғаҳои https://taximaxim.tj/term/policy-client/ ва https://taximaxim.com/term/policy-client/ ҷойгир гардидааст, розӣ мешавад.

1.4. Фармоишдиҳанда бояд бо матни ҳамин оферта бодиққат шинос шавад. Дар ҳолати агар Фармоишдиҳанда ба ягон шарти он розӣ набошад, ба ӯ пешниҳод мегардад, ки аз хизматрасониҳои Хадамот даст кашад. Дар ҳолати ба миён омадани саволҳо дар Фармоишгар нисбати табиати хизматрасониҳо, ӯ бояд барои машварат ба мутахассиси Хадамот қабл аз ҷойгир кардани фармоиш муроҷиат намояд.

1.5. Муқаррароти бо мақсади иҷроиши шартҳои офертаи мазкур истифодашаванда:

1.5.1. Хизматрасониҳо — хизматрасониҳои аз ҷониби Шарикони Хадамот расонидашаванда, ки фармоиши онҳо тавассути Хадамот ба амал бароварда мешавад. 

1.5.2. Фармоиш — фармоиши аз ҷониби система коркардгардида ба Хизматрасониҳо.

1.5.3. Ҳамкори Хизматрасонӣ — шахсе, ки мустақилона, бо қувваи хул ба Фармоишдиҳанда хизмат мерасонад.

1.5.4. Утоқи шахсӣ — саҳифа дар сомоаони Хадамот, ки дорои иттилооти омориро дар бораи ҳаҷми Хизматҳои расонидашуда ва ҳолати ҷории суратҳисоби шахсии Фармоишгар мебошад. Барои бақайдгирии утоқи шахсӣ ҳадди ақали маълумотҳоро дар бораи рақами муштарии телефонии Фармоишгарро пешниҳод намудан лозим аст.

1.5.5. Суратҳисоби шахсӣ — суратҳисобе, ки дар он пешпардохтҳои Фармоишгар ва ҷамъи маблағҳои пулии аз пардохтҳои мазкур нигоҳ дошта шуда (соқиткардашуда) ба сифати пардохт барои хизматрасонӣ саб карда мешавад. Суратҳисоби шахсӣ рақами беҳамто дорад ва аз ҷониби Хадамот ташаккул дода мешавад.

1.5.6. Тавозуни суратҳисоби шахсӣ — фарқияти байни ҷамъи маблағҳои пулии ба суратҳисоби шахсӣ воридгардида ва аз суратҳисоби шахсӣ соқиткардашуда ба лаҳзаи муайян.

1.5.7. Фармоишгар — шахсе, ки фармоиши Хизматрасониро тавассути Хадамот ба амал мебарорад.

1.5.8. Фармоиши пешакӣ — фармоишдиҳии Хизматрасоние, ки на камтар аз 60 дақиқа қабул карда шуда, имконияти расонидани хизматро ба лаҳзаи вақти аз ҷониби Фармоишгарро пешбинӣ мекунад.

1.5.9. Фармоиши ҷорӣ — фармоише, ки «ҳар чӣ зудтар» расонидани хизматро пешбинӣ мекунад.

1.5.10. Барномаи мобилии авторизатсиягардида (Барномаи мобилӣ) — барнома барои мошинҳои электронии ҳисоббарор, ки ба дастгоҳи мобилии Фармоишгар насб карда мешавад ва ба ҷараёни худкори ташаккулдиҳии фармоишҳо тавассути шабакаи Интернет имкон медиҳад.

2. Мавзӯи оферта

2.1. Тавассути Хадамот Фармоишгар метавонад Фармоишро барои расонидани Хизматҳо ройгон ҷойгир кунад. Феҳристи пурраи Хизматҳо барои шиносоӣ дар сомонаи Хадамот ё ки барномаи мобилӣ дастрас аст. Хадамот мустақилона ба фармоишгар ягон хизматҳоро намерасонад, ба худ ҳуқуқҳо ва (ё ки) ӯҳдадориҳои иҷрокунандаро нисбати чунин Хизматрасониҳо намегирад.

2.2. Аксепти ҳамин оферта аз тарафи Фармоишдиҳанда бо роҳи муроҷиат ба Хадамот бо мақсади фармоиши воситаи нақлиёт бо ҳамагуна тарзи дастрас амалӣ мегардад.

2.3 Фармоишдиҳанда барои мазмун ва дурустии маълумоте, ки ҳангоми ҷойгир намудани фармоиш пешниҳод мешавад, ҷавобгар аст.

2.4. Баъди ҷойгир намудани фармоиш маълумот дар бораи Фармоишдиҳанда дар пойгоҳи маълумоти Хадамот ба қайд гирифта мешавад.

2.5. Маълумот дар бораи Фармоишдиҳанда бе розигии ӯ тағир дода намешавад ва мавриди таҳрир қарор намегирад. Бо ин Хадамот ба Ҳамкор пешкашкунии истисноии дастрасӣ ба Фармоишро кафолат медиҳад, ӯҳдадорӣ барои расонидани Хизматҳоро Ҳамкор дорад.

2.6. Хадамот ба Фармоишгар оиди тартиб ва характеристикаҳои Хизмати расонидашаванда бо нишондоди ҳамаи иттилооти ҷиддии барои иҷроиши дуруст ва саҳеҳи Хизматрасонӣ аз ҷониби Ҳамкор иттилоъ медиҳад. Дар баробари ин Хадамот Фармоишҳоро миёни Шарикон тақсим намекунад, чунки онҳо худашон Фармоишҳоро барои иҷро интихоб менамоянд. 

2.7. Хадамот фармоишҳои пешакиро барои пешниҳоди воситаи нақлиёт қабул карда метавонад. Барои саривақт фиристодани воситаи нақлиёт Шарик, ки Хадамот дар бораи фармоиши пешакӣ ба ӯ саривақт хабар додааст, ҷавобгар мебошад. Расонидани хизмат дар ин ҳолат кафолат дода намешавад.

2.8. Хадамот ҳақ дорад, бе шарҳи сабабҳои дасткашӣ аз хизматрасонӣ ба Фармоишдиҳандае, ки ба шартҳои ҳамин оферта норозигӣ баён намудааст, даст кашад.

2.9. Гуфтугӯҳои телефонӣ дар байни Фармоишдиҳанда ва Хадамот бо мақсади назорати дохилии фаъолияти Хадамот ва назорати сифати иҷрои фармоишҳо сабт карда мешаванд.

2.10 Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, инчунин таъмини ҳамкории амалӣ дар байни Фармоишдиҳанда ва Хадамот, Фармоишдиҳанда метавонад дар бораи аз тарафи Шарик вайрон шудани ҳуқуқҳои худ ба тариқи муроҷиат бо истифодаи алоқаи баръакси электронӣ ё дар шакли хаттӣ аз рӯи маҳали ҷойгиршавии Хадамот ба Хадамот хабар диҳад. Дар чунин ҳолат Хадамот дар бораи иддаои аз Фармоишдиҳанда воридгардида Шарикро огоҳ намуда, рақами тамоси телефони Фармоишдиҳанда ва инчунин мазмуни шикоятро ба Шарик хабар медиҳад. Танзими минбаъдаи ихтилоф дар байни Фармоишдиҳанда ва Шарик бе иштироки Хадамот сурат мегирад. Мазмуни ҳамин банд дар бораи ба зиммаи Хадамот гузошта шудани ягон уҳдадории ҷуброни зарар дар шакли молӣ ё пулӣ, пардохти ҷуброн ва/ё аз тарафи Хадамот қабул шудани дигар уҳдадориҳои дар ҳамин оферта пешбининашуда далолат намедиҳад ва чунин арзёбӣ шуда наметавонад.

2.11. Хадамот ҳангоми ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии Фармоишдиҳанда тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018 №1537 «Дар бораи ҳифзи маълумотҳои шахсӣ», инчунин Сиёсати Хадамот вобаста ба коркарди маълумоти махфӣ амал мекунад.

3. Уҳдадориҳои Хадамот

3.1. Фармоишро қабул кунад, ба Ҳамкор ба Фармоиш дастрасӣ диҳад ва дар бораи иҷрои фармоиш ба Фармоишдиҳанда хабар диҳад.

3.2. Дар бораи ҳолатҳои таъхири маҷбурии воситаи нақлиёт ба Фармоишдиҳанда хабар диҳад.

3.3. Дар бораи ҳолатҳои ғайриимкон будани расонидани Хизмат ба Фармоишдиҳанда хабар диҳад.

3.4. Пешпардохтҳои Фармоишдиҳандаро саривақт ба ҳисоби шахсӣ гузаронад.

3.5. Кӯшишҳои дастрасии беиҷозатро ба маълумоти пешниҳоднамудаи Фармоишдиҳанда ва/ё додани ин маълумотро ба шахсоне, ки ба иҷрои фармоиш робитаи бевосита надоранд, саривақт ошкор ва пешгирӣ намояд.

4. Уҳдадориҳои Фармоишдиҳанда

4.1. Хизматрасониро бо назардошти вақте, ки барои фиристодани воситаи нақлиёт зарур аст, фармоиш диҳад.

4.2. Шартҳои аҳмиятноки барои интихоби дурусти Фармоиш аз ҷониби Ҳамкор зарурро нишон диҳад.

5. Ҳисоббаробаркунӣ дар байни Фармоишдиҳанда ва Шарик

5.1. Хадамот ба Фармоишдиҳанда хизматҳоеро пешниҳод менамояд, ки мавзӯи онҳо дар банди 2.1 офертаи мазкур дар асоси ройгон муайян гардидааст.

5.2. Ҳисоббаробаркунӣ барои расонидани Хизмат бевосита дар байни Фармоишдиҳанда ва Шарик анҷом дода мешавад. Хадамот дар бораи арзиши хизматрасонӣ ба Фармоишдиҳанда хабар медиҳад. Арзиши зикршуда дар асоси тарифҳое ҳисоб карда мешавад, ки Шарики фармоишро барои иҷро қабулкарда ин тарифҳоро истифода мебарад. Нархбандии Ҳамкорон метавонад динамикӣ бошад ва аз омилҳои гуногун (ҳолати шабакаи кӯча-роҳ, сарбории нақлиётӣ, вақти шабонарӯз, фасли сол, динамикаи дархост ба хизматрасониҳо, шароити иқлимӣ ва ғайра) вобаста аст, ки метавонад ба фарқият дар арзиши Хизматрасониҳои якхела дар вақти гуногун оварда расонад. Дар бораи арзиши ниҳоии хизматрасонӣ ба Фармоишдиҳанда хабар додан далели аз тарафи Хадамот пешниҳод шудани хизматрасонии интиқол намебошад ва чунин арзёбӣ шуда наметавонад.

5.3. Шакли ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасониҳои интиқоли мусофирон, бағоҷ ва бор бевосита аз тарафи Фармоишдиҳанда ва Шарик бе иштироки Хадамот мувофиқа карда мешавад.

5.4. Хадамот ба Фармоишдиҳанда ва Шарик вобаста ба шаклу тартиби ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасониҳои интиқоли мусофирон, бағоҷ ва бор ягон дастур намедиҳад.

5.5. Хадамот ба Фармоишдиҳанда имконияти техникиро барои пардохти хизматрасониҳои бо шаклҳои зерин пешниҳод менамояд:

5.5.1. Тавасссути соқидкунии маблағи пулӣ аз Суратҳисоби шахсӣ;

5.5.2. Бо пардохти ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои бонкӣ ё дигар усулҳои пардохти ғайринақдӣ барои Хидматҳо.

5.6. Ҳамзамон, Хидмат танҳо имкони техникии пардохти ғайринақдӣ барои Хидматҳоро фароҳам меорад, Хидмат маблағҳои Мизоҷро қабул намекунад ва агенти Шарик барои қабули чунин маблағҳо нест.

5.7. Пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ тавассути кортҳои пардохтии қарзӣ ва дебетии системаҳои Visa, MasterCard, «Мир» анҷом дода мешавад.

5.8. Барои таъмини имконияти пардохти хизматрасониҳои Шарикон ба тариқи пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ утоқи шахсиро ба қайд гирифта, инчунин корти бонкиро ба ҳисоби шахсии Фармоишдиҳанда вобаста намудан лозим аст.

5.9. Пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ тибқи қоидаҳои системаҳои пардохти байналмилалӣ бо принсипҳои риояи махфият ва пардохти бехатар анҷом дода мешавад. Бехатарии маълумоте, ки аз тарафи Фармоишдиҳанда пешниҳод мегардад, бо мутобиқати расмиёт ба талаботи стандарти бехатарии маълумоти саноати кортҳои бонкӣ (Payment Card Industry Data Security Standard) таъмин гардида, ҳеҷ кас, аз ҷумла Хадамот, онро гирифта наметавонад. Ворид намудани маълумоти корти бонкӣ дар саҳифаи ҳифзшавандаи пардохтии бонки эквайер, ки имкони пардохти ғайринақдии хизматрасониҳоро таъмин менамояд, анҷом дода мешавад.

5.10. Бо мақсади тасдиқи имконияти пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ воситаҳои пулиро ба андозаи арзиши хизматрасониҳои дахлдори нақлиётӣ дар лаҳзаи ҷойгир намудани фармоиш дар корти бонкӣ захира намудан мумкин аст. Дар ҳолати аз тарафи Фармоишдиҳанда рад шудани фармоиши ҷойгиргардида, инчунин дар ҳолати ба Фармоишдиҳанда пешниҳод нагардидани хизматрасониҳои нақлиётӣ, воситаҳои пулии дар корт захирашуда ба Фармоишдиҳанда баргардонида мешаванд.

5.11. Дар ҳолати тағири ҳаҷми хизматрасониҳои дахлдори нақлиётӣ аз тарафи Фармоишдиҳанда (тағири хатсайр, аз тарафи Шарик ба Фармоишдиҳанда пешниҳод шудани хизматрасониҳои иловагии пулакӣ ва ғ.) арзиш аз нав ҳисоб карда мешавад. Арзиши Хизматрасонҳо аз ҷониби Фармоишдиҳанда тибқи ҳаҷми воқеии хизматрасониҳо пардохт карда мешавад.

5.12. Фармоишдиҳанда ва Шарик ҳақ доранд, ки дигар шаклҳои ҳисоббаробаркуниро барои хизматрасониҳои дар ҳамин оферта пешбининашудаи интиқоли мусофирон, бағоҷ ва бор, аз ҷумла пардохти хизматрасониҳо бо пули нақд ва дигар тарзҳое, ки ба қонунгузории амалкунанда мухолиф нестанд, мувофиқа намоянд.

5.13. Шарик ҳақ дорад, ки ҷиҳати ба Фармоишдиҳанда пешниҳод намудани хизматрасониҳои иловагии зерин музд муайян намояд: аз 3 дақиқа зиёдтар мунтазир истодан аз лаҳзаи хабардор намудани Фармоишдиҳанда дар бораи омадани автомобил ва ғайра Ҳангоми офаридани фармоиши пешакӣ вақти интизории ройгон аз лаҳзаи омадани аслии автомобил ва огоҳ карда шудани Фармоишгар оиди ин ҳисоб карда мешавад. Бо ин, вақти интизории ройгон наметавонад камтар аз 3 дақиқаро ташкил диҳад ва наметавонад аз вақте, ки ба он фармоиши пешакӣ карда шудааст, гузарад.

5.14. Шарик ҳақ дорад, ки барои аз сафар даст кашидани Фармоишдиҳанда, баъди ба суроғаи нишондодаи Фармоишдиҳанда омадани автомобил, ноустуворона муқаррар намояд. Андозаи ноустуворона мутаносибан ба маблағи ҳадди ақали арзиши Хидмат, ки дар лаҳзаи эҷоди Фармоиш эътибор дорад ва масофа аз маҳалли ҷойгиршавии Шарик дар лаҳзаи эҷоди Фармоиш то макони муайяннамуда, ки Фармоишгар нишон додааст, муайян карда машавад.

5.15. Хадамот дар бораи тарифҳои барои пешниҳоди хизматрасониҳои иловагӣ ва ҷаримаи ноустуворона муқаррарнамудаи Шарик ба Фармоишдиҳанда хабар медиҳад. Илова бар ин, ҳисоббаробаркунӣ барои пешниҳоди хизматҳои иловагӣ ва пардохти ҷаримаи ноустуворона ба Шарик бевосита дар шакле, ки Фармоишдиҳанда ва Шарик мувофиқа намудаанд, анҷом дода мешавад.

6. Ӯҳдадориҳои ҷонибҳо

6.1. Тарафҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро ба зимма мегиранд.

6.2. Хадамот барои таваққуф дар хизматрасонӣ ҳангоми нуқсони таъминоти барномавӣ ё таҷҳизоте, ки ба Хадамот тааллуқ надорад, ҷавобгариро ба зимма намегирад.

6.3. Хадамот барои пурра ё қисман қатъ шудани хизматрасонии дар банди 2.1 Офертаи мазкур нишондодашуда вобаста ба иваз намудани таҷҳизот, таъминоти барномавӣ ё иҷрои корҳои дигар, ки ба сабаби зарурати ҳифзи коршоямӣ ва рушди воситаҳои техникии Хадамот ба миён омадааст, ҷавобгариро ба зимма намегирад.

6.4. Хадамот барои зарари бевосита ва фоидаи аздастрафта, ки дар натиҷаи истифодаи хизматрасониҳо ба Фармоишдиҳанда расонида шудааст, ҷавобгариро ба зимма намегирад.

6.5. Хадамот барои иҷро нашудани уҳдадориҳо аз тарафи Шарик ҷавобгариро ба зимма намегирад.

6.6. Хадамот барои эътиборнокӣ, саҳеҳӣ ва дурустии дилхоҳ номгӯи обектҳои ҷуғрофӣ ҳеҷ гуна масъулият надорад.

7. Хусусиятҳои фармоиши намудҳои алоҳидаи Хизматрасониҳо

7.1. Фармоишдиҳанда, ҳангоми ҷойгиркунии дархост ба Хизматрасонӣ баъд анҷом дода шудани амалҳо аз ҷониби Шарик аз номи Фармоишдиҳанда, қабул мекунад ва бо он розӣ мешавад, ки байни ӯ (ваколатдиҳанда) ва шахсе, ки иҷроиши онро ба амал мебарорад (ваколатгиранда) ӯҳдадориҳо оид ба шартномаи супориш ба миён меояд (моддаи 912 КГ ҶТ). Ҳуқуқҳо (аз он ҷумла ҳуқуқи моилкият), ӯҳдадориҳо ва ҷавобгарӣ аз рӯи созишномаҳои аз ҷониби ваколатдор ба миёномада, дар назди ваколатдиҳанда ба миён меояд. Ваколатҳои ваколатдор аз ҳолат бармеояд ва тасдиқкунии ваколатномаро талаб намекунад (моддаи 390 КГ ҶТ).

8. Тартиби ҳалли баҳсҳо

8.1. Баҳсҳо ва якдигарнофаҳмоиҳои вобаста ба иҷрои ҳамин офертаро Ҷонибҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал мекунанд.

8.2. Дар ҳолати агар бо роҳи гуфтушунид танзим намудани баҳсҳо ғайриимкон бошад, он гоҳ ин баҳсҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ ҳал карда мешаванд.

9. Шартҳои махсус

9.1. Фармоишдиҳанда бо шартҳои оферта дар ҳамин таҳрир розӣ шуда, барои коркарди маълумотҳои шахсии он дар ҳолатҳое, ки гирифтани чунин розигӣ мутобиқи қоидаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018  №1537 "Дар бораи ҳифзи маълумотҳои шахсӣ", ҳамчунин гирифтани хабарҳои иттилоотӣ, инчунин иттилооти рекламавӣ, розигӣ барои гирифтани паёмҳои иттилоотӣ, аз ҷумла гирифтани чунин паёмҳо ва иттилоот тавассути хабарҳо ба воситаи интернет-мессенҷерҳои Viber, WhatsApp, Telegram ва монанди ин), ки дар шабакаҳои алоқа бо мақсад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи зарурати чунин розигӣ дар қонунгузории ҶТ дар бораи реклама пешбинӣ мешавад, розигӣ медиҳад.